Январ 07, 2018 12:05 Asia/Dushanbe
  • Шуғли доимӣ барои корҷӯён дар вилояти Суғд

Наздик ба чаҳор ҳазор нафар аз мардуми маҳаллӣ ва коргарони муҳоҷире, ки аз хориҷи кишвар ба ватан баргаштаанд, дар вилояти Суғд соҳиби шуғли доимӣ шуданд.

Ба гузориши Спутник, бо ҳадафи таъмини кор ва иштиғол барои бекорон ва коргарони муҳоҷире, ки аз хориҷи кишвар ба ватан баргаштаанд, тайи соли гузашта дар ин вилоят, 242 намоишгоҳи иштиғол ва корёбӣ баргузор шудааст.

Се  ҳазору ва 467 корхона ва муассиса зимни баргузории намоишгоҳҳои иштиғол ва корёбӣ дар вилояти Суғд, 35 ҳазору 837 фурсати шуғлӣ ба корҷӯён пешниҳод карданд.

Дар пайи ин иқдом, як ҳазору ва 547 нафар дорои шуғли доимӣ, як ҳазору 960 нафар дар омӯзишгоҳҳои фаннӣ ва ҳирфаӣ машғули ҳунаромӯзӣ ва 342 нафари дигар низ ҷазби фаъолиятҳои дастаҷамъӣ ва мушорикатӣ шуданд.

Дар вилояти Суғд 262 маркази омӯзишӣ-тавлидӣ, аз ҷумла 191 маркази омӯзиши адрасбофӣ ва атласбофӣ ва 71 маркази омӯзиши қолибофӣ фаъолият доранд, ки дар ин марокиз дар маҷмӯъ се ҳазору ва 895 нафар ба ҳунаромӯзӣ машғул ҳастанд.

Дар маҷмӯъ дар соли 2017 дар ростои иҷрои "Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" 12 ҳазору 503 нафар дар вилояти Суғд дорои шуғли доимӣ шуданд.