Январ 07, 2018 20:06 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 15 пизишк дар вилояти Суғд ба иттиҳоми анҷоми амали қайсарӣ

Додситони вилояти Суғд аз ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи 15 пизишк дар бимористонҳои ин минтақа, ба иттиҳоми анҷоми амали сезориан (буриши қайсарӣ) бидуни мурооти муқаррароти беҳдоштӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Топ Тҷ”, Ҳабибуллоҳ Воҳидов, додситони вилояти Суғд, гуфтааст, ки ин афрод дар мавориде барои дарёфти пул ҳатто занонеро, ки ниёз ба ин навъи амал надоштанд, ҷарроҳӣ кардаанд.

Вай таъкид кардааст, ки ин афрод дар шароити изтирорӣ, ки занон ниёз ба амали қайсарӣ доштаанд ба иллати надоштани пул аз анҷоми ин амал худдорӣ кардаанд, ки авоқиби ногуворе барои ин маризон дар пай доштааст. Ба гуфтаи додситони вилояти Суғд ба далели саҳлангории кормандони бемористонҳо дар ин минтақа ва сари вақт анҷом надодани озмоишҳо ва муоинаҳои зарурӣ, 23 зан ва 2 ҳазор кӯдаки то як сол, ҷони худро аз даст додаанд. Ин дар ҳоле аст, ки Абдурраҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, чанде қабл аз афзоиши мавориди амали қайсарӣ дар беморстонҳои ин минтақа ба шиддат интиқод карда ва гуфта буд, ки акнун ин шеваи кор ба тиҷорат дар миёни пизишкон табдил шудааст.

Аммо мутахассисони Вазорати беҳдошт ва дармони Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин кишвар зоймон комилан ройгон аст ва танҳо дар шароити изтироӣ, ки ҷони модар ё тифли вай дар хатар бошад, бо ризояти мариз ва наздиконаш иқдом ба анҷоми амали қайсарӣ мекунанд, ки ҳазина он 622 сомонӣ мебошад. Бар асоси гузориши ин вазорат, дар Тоҷикистон танҳо 6 то 8 дарсад аз зоймонҳо дар ин кишвар аз тариқи амали қайсарӣ анҷом мешавад.