Январ 09, 2018 11:35 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 16 ҳазор маврид нақзи Қонуни масъулияти волидайн дар соли 2017

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ирсоли 16 ҳазору 823 парвандаи нақзи Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон дар соли 2017 ба додгоҳҳои кишвар хабар додааст, ки дар муқоиса бо соли 2016 2 ҳазор маврид бештар мебошад.

Ба иттилои Ховар, нозири калони гурӯҳи матбуотии Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Абдулло Шоев зикр намуд, ки аз ин теъдод 380 парванда марбут ба падару модаронест, ки уҳдадории худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд.

Вай аксари ин маворидро рафтани ноболиғон ба марокизи барои онон ғайримуҷоз аз ҷумла клубҳои шубона, ресторанҳо, марокизи дилхушӣ ва кафеҳо эълом кардааст.

Ба гуфтаи вай, барои ҷилавгирӣ аз ҷурму ҷиноёт миёни ноболиғон, решакан кардани падидаи ногувори худкушӣ, поён додан ба даргириҳои гурӯҳии байн донишомӯзон ва дигар мавориди ҳамкории волидайн бо идораҳои полис зарурӣ мебошад.

Тибқи Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон дар Тоҷикистон, дар сурати даст ба ҷиноят задани ноболиғон, падару модарони ин афрод бояд посухгу бошанд, ки дар аксари маворид додгоҳҳо ононро ба пардохт ҷаримаи молӣ маҳкум мекунанд.