Боз як зани тоҷик дар Арабистон қурбони хушунат шудааст
(last modified 2018-01-12T16:40:55+00:00 )
Январ 12, 2018 21:40 Asia/Dushanbe
  • Боз як зани тоҷик дар Арабистон қурбони хушунат шудааст

Як зани коргари тоҷик аз мақомоти кишвараш хостааст, ки ӯро аз бардагӣ дар Арабистони Саудӣ раҳо кунанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Мадина Худойназарова, ки 37 сол дорад ва дар хонаи як корфармои араб дар шаҳри Бурайдаи Арабистон дар бадтарин шароит кору зиндагӣ мекунад, аз хушунати ин хонавода ба дод омада гуфтааст, дигар таҳаммули чунин вазъиятро надорад. Ба гуфтаи Мадина Худойназарова, соҳибхона гуфта, ки ӯро харидааст ва ӯ бояд то як соли дигар ҳам барои хонаводаи корфармои худ кор кунад. Мадина Худойназарова гуфтааст, ба изофаи кори сангин аз соати 9 то нисфи шаб соҳибхонаҳо ҳамвора ӯро озор медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон эълом карда, ки раҳоии ин зани коргари тоҷик аз чунин вазъият дар Арабистонро дар дастури кори худ қарор додааст.

Дар як соли гузашта даҳҳо зани коргари тоҷик ба иллати хушунат ва бадрафтории корфармоёни Саудӣ ва бо мусоидати мақомоти тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон бозгардонида шудаанд. Ҳамзамон бо ин алайҳи се ширкати эъзомкунандаи коргарон ба Арабистон низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.