Талоши Тоҷикистон барои бозгардонидани чаҳор кӯдаки тоҷик аз Ироқ
(last modified Sat, 13 Jan 2018 06:34:02 GMT )
Январ 13, 2018 11:34 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои бозгардонидани чаҳор кӯдаки тоҷик аз Ироқ

Сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз шиносоии чаҳор кӯдаки тоҷик дар яке аз парваришгоҳҳои Ироқ тавассути бастагони онон хабар додааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, Умарҷони Эмомалӣ гуфтааст, дар ҳоли ҳозир Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз тариқи сафорати Ироқ дар Қазоқистон пайгири ин мавзуъ аст ва қасд дорад онҳоро ба кишварашон баргардонад.

Вай гуфтааст, Гулбаҳор Аслонова, сокини шаҳри Душанбе пас аз дидани аксҳои ин чаҳор кӯдак ба номҳои Абдуллоҳ, Фотима, Оиша ва Муҳаммад, фарзандони бародараш Илҳомиддин Аслоновро шиносоӣ кардааст.

Илҳомиддин Аслонов, сокини шаҳри Душанбе дар соли 2015, ки барои ёфтани шуғл қасди муҳоҷират ба Русияро дошт, ба ҳамроҳи хонаводааш ибтидо ба Туркия ва сипас ба Ироқ рафта ва ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваста буд.

Дар ҳоли ҳозир Аслонов дар феҳристи афроди таҳти пайгарди қазоии Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ қарор дорад.

Дар моҳи сентябри соли 2017 шабакаи телевизионии “Russia Today” бо пахши гузорише аз вуҷуди теъдоде зану кӯдак аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар яке аз парваришгоҳҳои Бағдод хабар дод, ки пас аз озодсозии шаҳри Мавсил ба иллати аз даст додани волидайнашон ба ин макон мунтақил шуда буданд.

 Хабарнигорони рус муддаӣ буданд, ки чаҳор кӯдак аз як хонаводаи тоҷик низ дар миёни ин афрод шиносоӣ шуда, ки волидайн худро аз даст додаанд ва дар ин парваришгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд.

Аз сӯйи дигар, ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Ироқ аз ҳузури 70 зану кӯдаки тоҷикистонӣ хабар додааст, ки мардони хонаводаашон бо узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҷанг бо артиши ин кишвар кушта шудаанд.