Январ 15, 2018 11:24 Asia/Dushanbe
  • Арзон кардани гӯшт; Нахустин иқдоми раиси ҷадиди вилояти Суғд

Раиси ҷадиди вилояти Суғд дар нахустин иқдоми худ дар ин симмат, дастур дод, нархи гӯшт дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд, маркази ин вилоят арзон шавад.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсати вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид аз бузургтарин бозори шаҳри Хуҷанд мавсум ба “Панҷшанбе”, ба қассобон дастур додааст, бояд нархи фурӯши ҳар кило гӯшти гов 33 сомонӣ ва гӯсфанд 36 сомонӣ бошад.

Қабл аз ин дастур, нархи ҳар кило гӯшти гов дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд, 35 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 38 сомонӣ буд.

Ҳадаф аз боздиди раиси ҷадиди вилояти Суғд аз бозорҳои шаҳри Хуҷанд, ташдиди назорат бар раванди арзаи маҳсулоти бо кайфият ва дорои стандарт барои таъмини амнияти ғизоии сокинони маркази вилояти Суғд, унвон шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин дастури бозсозӣ ва тармими бахшҳое аз бозори “Панҷшанбе”-ро содир кардааст. Ҳамчунин раиси нави вилояти Суғд бо баргузории нишасте бо фаъолони бахши хусусӣ ва мудирони ширкатҳо ва корхонаҳои ин минтақа, авзои иқтисодӣ дар шимоли Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Вай гуфт, бояд бо таъсиси комиссияи вижа далоили аз фаъолият мондани корхонаҳои санъатии вогузар шуда ба бахши хусусӣ, мавриди баррасӣ қароргирад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 январ дар мақоми раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро иваз кард. Қодирӣ, ки ба синни 65 расидааст ва 4 сол боз бар вилояти Суғд раҳбарӣ мекард, бо сабаби ба нафақа баромадан аз ин мақом рафт.

Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз раёсати Кумитаи давлатии замин ва нақшабардории ин кишвар, чанд соле низ раиси шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд будааст.