Интизорот аз сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон
(last modified Thu, 18 Jan 2018 05:37:55 GMT )
Январ 18, 2018 10:37 Asia/Dushanbe
  • Интизорот аз сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон

Корманди аршади Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Русия муътақид аст, нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар баҳори имсол ба Тоҷикистон, нуқтаи қобили таваҷҷуҳе дар равобити печидаи ин ду кишвар тайи беш аз 20 соли ахир хоҳад буд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Дмитрий Попов гуфт, дар сафарҳои қаблии Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии пешини Ӯзбакистон ба Тоҷикистон дар чорчӯби баргузории нишастҳои минтақаӣ бештар масоили авзои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баррасӣ мешуд ва дар мавриди роҳҳои беҳбуди равобити пуртаниши Душанбеву Тошканд баҳс ба миён намеомад. Зеро аз соли 2000-ум ба баъд, ба далели ихтилофоти сиёсӣ, обу энержӣ ва марзӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон, давлати Тошканд ба таври якҷониба ба минагузории марзи муштарак, ҷорӣ кардани низоми раводид, тахриби хутути интиқоли барқ, қатъи гази содиротӣ ва қатъи парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон иқдом карда буд.

Акнун мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бо сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар баҳори соли ҷорӣ, заминаи поён додан ба ин ихтилофотро фароҳам месозанд. Ба тавре ки боиси густариши равобити ин ду кишвари ҳамсоя дар бахшҳои иқтисодиву тиҷорӣ, ҳамлу нақли роҳи оҳан ва ва роҳҳои мошингард, муовизаи барқ, поён додан ба аломатгузории марзи муштарак ва лағви раводиди сафари шаҳрвандони ин ду кишвар хоҳанд шуд.

Густариши мубодилоти тиҷории Ӯзбакистону Тоҷикистон тайи соли 2017 ба мизони 126 миллион доллар, ки дар муқоиса бо соли қабл бо рушди 82 дарсадӣ рӯбарӯ шудааст, баёнгари азми ҷиддии мақомоти ин ду кишвар барои оғози фасли ҷадиде дар муносиботи дуҷониба маҳсуб мешавад.