Август 24, 2016 10:12 Asia/Dushanbe
  • Набудани мудирияти илмӣ мушкили бахши кишоварзии Тоҷикистон

Иқтисодшиноси тоҷик иллати умдаи талаф ёфтани маҳсулоти кишоварзӣ дар ин кишварро набуди мудирияти саҳеҳ ва илмӣ дар ин бахш унвон кардааст.

Ба гузориши "Топ.тҷ", Фаррух Абдулвосеев гуфт, бахши умдаи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба шакли хом ба хориҷ содир мешавад, ки зиёни молӣ ба ҳамроҳ дорад.

 Абдулвосеев набуди таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рушди бахши кишоварзӣ, истифода накардан аз манобеи молии маҳдуд, коҳиши теъдоди корхонаҳои санъатии табдилӣ ва набуди бахши хадамоти ҳамлу нақлро аз муҳимтарин авомили талаф шудани маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон баршумурд.

Ин иқтисоддони тоҷик афзуд: "Пас аз истиқлоли Тоҷикистон бахши умдаи заминҳои кишоварзӣ ба кишти гандум ихтисос ёфт, ки ин иқдом тавлиди дигар маҳсулот, аз ҷумла пахта, мева ва сабзиҷотро ба шиддат коҳиш дод ва ин дар ҳолест, ки тавлиди ин гуна маҳсулот метавонист судовартар аз гандум бошад".

 Абдулвосеев аз баста шудани шумораҳисобҳои бонкии наздик ба 80 дарсад аз корхонаҳои фароварии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикстон хабар дод ва гуфт: "Ин ҳисобҳо ба далели қарзи молӣ баста шуда, ки муҷиби равнақ гирифтани иқтисоди "сиёҳ" ва сарватманд шудани теъдоди зиёде аз афрод мешавад".

Иқтисоддони тоҷик ҳамчунин гуфт, саронаи масрафи шир, тухми мурғ, равған, мева ва сабзиҷот дар Тоҷикистон дар муқоиса бо меъёрҳои байналмилалӣ наздик ба 1,5 дарсад камтар аст.

Абделвосеев миёнгини масрафи солонаи гӯшт дар Тоҷикистонро 5 то 7 килограм карда гуфт, ин мизон дар ҷаҳон 75 то 80 килограм аст.

 

Барчасп