Мамнуияти фаъолияти коргарони муҳоҷири тоҷик дар Ёқутистони Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i28937-Мамнуияти_фаъолияти_коргарони_муҳоҷири_тоҷик_дар_Ёқутистони_Русия
Раиси ҳукумати ҷумҳурии Ёқутистон (Якутия)-и Русия дар минтақаи Сибир, фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бахши маъдан ва сохтусоз мамнуъ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 24, 2018 13:13 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти фаъолияти коргарони муҳоҷири тоҷик дар Ёқутистони Русия

Раиси ҳукумати ҷумҳурии Ёқутистон (Якутия)-и Русия дар минтақаи Сибир, фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бахши маъдан ва сохтусоз мамнуъ кард.

Ба гузориши “Спутник”, Игор Борисов бо имзои фармоне фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ӯзбакистону Тоҷикистонро дар бахшҳои маодину сохтусоз дар соли 2018 мамнуъ эълом кард.

Вай дар соли гузаштаи 2017 бо судури фармони мушобеҳе фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар бахшҳои омӯзишу парвариш, беҳдошту дармон, ҳамлу нақл, амлоку бунгоҳҳо, сайди моҳӣ ва кишоварзиро мамнуъ карда буд.

Ин амр муҷиби ихроҷи ин афрод ва корофаринӣ барои 500 нафар аз сокинони бумии ин ҷумҳурӣ шуд.

Акнун ба гуфтаи мақомоти ҷумҳурии Ёқутистони Русия, бо мамнуияти фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар бахши маодину сохтусоз дар соли ҷорӣ, заминаи иштиғоли беш аз ду ҳазор нафар аз сокинони бумии ин минтақа фароҳам хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ҳазинаи молии дарёфти муҷаввизи кори моҳона барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ҷумҳурии Ёқутистони Русия ҳашт ҳазору 47 рубл аст, ки гаронтарин қимат дар хоки Русия ба ҳисоб меояд.

Ба таври ҳамзамон бо тасмими ҳукумати ҷумҳурии Ёқутистони Русия, саҳмияи ҷазби коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин минтақа дар ҳоли коҳиш ёфтан аст.

Дар соли 2017 мақомоти идораи кору умури иҷтимоии ин ҷумҳурӣ танҳо барои ҷазби 338 нафар аз атбои хориҷӣ муҷаввиз содир кардаанд, ки дар вилоятҳои ҳамсоя ин омор аз панҷ то 20 ҳазор нафар аст.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Русия теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷик дар хоки Русияро наздик ба як миллион нафар эълом кардаанд.