Нигарониҳо аз ҷавонмарг шудани рӯзноманигорони тоҷик
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i29015-Нигарониҳо_аз_ҷавонмарг_шудани_рӯзноманигорони_тоҷик
Як фаъоли расонаӣ ва мадании тоҷик хостори таваҷҷуҳи ҳамагон, бавижа рӯзноманигорон ва хабарнигорон ба мавзӯи афзоиши маргу мири аҳли қалам дар Тоҷикистон шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 25, 2018 13:15 Asia/Dushanbe
  • Нигарониҳо аз ҷавонмарг шудани рӯзноманигорони тоҷик

Як фаъоли расонаӣ ва мадании тоҷик хостори таваҷҷуҳи ҳамагон, бавижа рӯзноманигорон ва хабарнигорон ба мавзӯи афзоиши маргу мири аҳли қалам дар Тоҷикистон шуд.

Завқибек Саидаминӣ дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи “Фейсбук” навиштааст: «ҳамасола рӯзноманигорони тоҷики лобалои тағйироти кадрии ҳукумат матолиби фаровоне дар бораи “дилзанак” ва ташвиши мансабдорон мунташир мекунанд, аммо оё бо худ андешидаанд, ки фақат дар панҷ соли ахир, қалби чӣ теъдод аз қаламкашони тоҷик, ки синну соли бештарашон зери 50 сол буд, аз тапиш боз мондааст?»

Ин корманди телевизиони Тоҷикистон дар айни ҳол ба иллатҳо ва омилҳои маргу мири рӯзноманигорони ҷавонмарг пардохта, мушкилоти иқтисодӣ ва  маишатиро дар ин замина, муассир медонад.

Ба тозагӣ Сулаймон Шарифзода, хабарнигори ҷавони тоҷик бар асари беморӣ аз дунё рафт.

Дар солҳои ахир низ шумори дигаре аз рӯзноманигорони ҷавон ва миёнсоли тоҷик аз ҷумла Ҷумъа Толиб, Акбар Саттор, Шариф Мисайзод, Даврон Ғуфронов ва Суҳроби Рустам бар асари беморӣ даргузаштанд.