Январ 27, 2018 10:39 Asia/Dushanbe
  • Муҷаввизи давлати Тоҷикистон барои ҷазби ду ҳазору 400 коргари чинӣ

Давлати Тоҷикистон бо судури фармоне барои ҷазби 2 ҳазору 400 нафар коргари чинии ҷадид муҷаввиз содир кард.

Ба гузориши сайти “Фарғона”, Моёншоҳ Муҳамадбеков, мудири идораи кори шаҳрвандони хориҷӣ дар Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфт, ин теъдод коргари чинӣ дар сохти бахши тоҷикистонии хати лӯлаи ҷадиди интиқоли гази Туркманистон ба Чин мушорикат хоҳанд кард.

Вай таъкид кард, саҳмияи қаблии давлати Тоҷикистон барои ҷазби 7 ҳазору 500 шаҳрванди хориҷӣ ба унвони коргар дар соли 2018 низ ба коргарони чинӣ тааллуқ хоҳад гирифт.

Тӯли хати лӯлаи ҷадиди интиқоли гази Туркманистон ба Чин дар хоки Тоҷикистон 400 километр хоҳад буд, ки бо убур аз водии Ҳисор ва минтақаи Рашт ба марзи Қирғизистон мерасад.

Мақомоти Тоҷикистон умедворанд, аз ин ҳисоб 3 миллиард доллар сармояи Чин ба иқтисоди ин кишвар ҷазб шавад.

Ширкатҳои чинӣ чанд солест дар бахши маодину филизоти Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд ва ба ин кишвар вомҳои калони молӣ ихтисос медиҳанд.

Аммо теъдоде аз коршиносони тоҷик муътақиданд, ки чиниҳо бо ихтисоси ин вомҳо аз ин ҳисоб аз кишвари хеш ба Тоҷикистон таҷҳизоту нерӯи кор ворид мекунанд ва амалан ин сармоя дубора ба бонкҳои чинӣ бозмегардад. Аз ин рӯ, танҳо суди Тоҷикистон аз ин вомҳо дарсади болоии қарз аст, ки бояд ба тадриҷ ва дар дарозмуддат ба Чин бозпардохт шавад.