Январ 28, 2018 13:43 Asia/Dushanbe
  • Маҳрумияти варзишкорони тоҷик аз Бозиҳои зимистонии олимпии 2018

Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон эълом кард, варзишкорони тоҷик дар Бозиҳои зимистонии олимпи 2018 дар Пхенчхани Кореяи Ҷанубӣ, ширкат нахоҳанд кард.

Ба гузориши сойти “Азия Плюс”, Муҳаммадшоҳ Абдуллоев дар конфронси матбуотӣ дар шаҳри Душанбе, гуфт, ин варзишкорон ба хотири касб накардани имтиёзи мавриди ниёз, аз имтиёзи ширкат дар Мусобиқоти зимистонии олимпии 2018, маҳрум шуданд.

Ба гуфтаи вай, дар соли 2017 ба варзишкорони тоҷик аз сӯи Анҷумани лижаронии Тоҷикистон омӯзишҳои лозим дода шуд ва онон ба таҷҳизоти мавриди ниёз муҷаҳҳаз шуданд ва бояд дар беш аз 50 мусобиқаи мухталиф дар скелетон, сноуборд ширкат мекарданд.

Ба гуфтаи вай, дар ҳамин ҳол ба иллати шароити обу ҳавоии номусоид, 18 мусобиқа лағв шуд ва варзишкорон тавонистанд, танҳо дар 33 мусобиқа ширкат кунанд ва дар натиҷа, қодир ба касби имтиёзи лозим нашуданд.

Абдуллоев ҳамчунин гуфт, дар ҳоли ҳозир мавзуи ширкати ду варзишкори тоҷик дар Бозиҳои олимпии 2018-и Кореяи Ҷанубӣ, дар ҳоли баррасӣ аст ва мо умедворем, ки онҳо битавонанд бо касби имтиёзоти лозим, ба Мусобиқоти зимистонии паралимпиӣ роҳ ёбанд.

Дар Бозиҳои дар Кореяи Ҷанубӣ, ки аз 9 то 25 феврали 2018 баргузор хоҳад шуд, 2900 варзишкор аз 90 кишвар ширкат хоҳанд кард.