Январ 29, 2018 11:09 Asia/Dushanbe
  • 200 зани тоҷик ба ташвиқи шавҳаронашон ба Сурия ва Ироқ рафтаанд

Натиҷаи як пажӯҳиш дар Тоҷикистон, ки бо мусоидати дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар ин кишвар анҷом шуд, нишон медиҳад, ки 200 зани тоҷик бо ташвиқи шавҳарони худ, ба Сурия ва Ироқ рафта ва ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд.

Ба гузориши сойти “Топ Тҷ”, дар ин пажӯҳиш омили аслии сафари 200 зани тоҷик ба ҳамроҳи фарзандонашон ба Сурия ва Ироқ, таблиғоти шавҳаронашон унвон шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли 2015 бо интишори гузорише таъкид карда буд, 154 хонаводаи тоҷик ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки дар миёни ин афрод  95 писар ва 67 духтар вуҷуд доранд.

Дар ин гузориш таъкид шуда буд, танҳо аз вилояти Суғд 80 зан ва 32 духтар таҳти таъсири таблиғоти гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки аз сарнавишти онон иттилое дар даст нест.

Аммо дар гузориши натиҷаи пажӯҳиши дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон таъкид мешавад, аз дигар авомили гароиши занони тоҷик ба гурӯҳ террористии ДИИШ ноогоҳии онон, надоштани иттилоъ аз авзои Ховари Миёна ва бавижа ҷанг дар Сурия ва Ироқ ва фармонбардори амри шавҳарони хеш будани ин афрод ба ҳисоб меояд.

Мақомҳои Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, як ҳазору  144 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, дар узвияти гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ шиносоӣ шудаанд, ки 300 тан аз онон дар ин даргириҳо кушта шудаанд.