Август 24, 2016 19:27 Asia/Dushanbe
  • Роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ба баҳрабардорӣ расид

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози фаъолияти роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа-Кӯлобро барои мардуми тоҷик, ба вижа сокинони вилояти Хатлон рӯйдоди таърихӣ хонд.

Субҳи имрӯз роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон - раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шоирони саршиноси тоҷик ба баҳрабардорӣ расид.

Коршиносони тоҷик мӯътақиданд, даромади солонаи иқтисодии ин тарҳ 46 миллион сомонӣ (тақрибан 8 миллион доллар) мебошад, ки дар 10 соли оянда ҳамаи ҳазинаҳое, ки барои сохти он сарф шудааст, ҷуброн хоҳад шуд.

Бо истифода аз ин роҳи оҳан, имкони интиқоли коло ба таври муназзам аз вилояти Хатлон, ки аз манотиқи аслии тавлидкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ маҳсуб мешавад, ба шаҳри Душанбе - маркази Тоҷикистон фароҳам шуд.

Ба гуфтаи масъулони роҳи оҳани Тоҷикистон, ин масир аз аҳамияти болои иқтисодӣ бархурдор аст ва бо роҳандозии он вилояти Хатлони Тоҷикистон аз бунбасти иртиботии Узбакистон раҳо шуд.

Пас аз онки Узбакистон дар соли 2011 қисмате аз роҳи оҳани худро дар минтақаи Амузнг-Тирмиз вайрон кард, ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон, аз ҷумла Хатлон бо мушкилот ҳамлу нақли коло мувоҷеҳ шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 977 километр роҳи оҳан вуҷуд дорад ва бар асоси омори расмӣ дар 25 соли истиқлоли ин кишвар 208 километр роҳи оҳани нав сохта шудааст.

 

Барчасп