Ҳукми зиндон барои латукӯбкунандаи як мақоми қазоии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i29299-Ҳукми_зиндон_барои_латукӯбкунандаи_як_мақоми_қазоии_Тоҷикистон
Додгоҳи маҳаллӣ дар ҷануби Тоҷикистон латукӯбкунандаи як мақоми қазоиро ба ду соли зиндон маҳкум кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 31, 2018 12:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндон барои латукӯбкунандаи як мақоми қазоии Тоҷикистон

Додгоҳи маҳаллӣ дар ҷануби Тоҷикистон латукӯбкунандаи як мақоми қазоиро ба ду соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи “Фараж”, додгоҳи ноҳияи Ҷайҳун ин ҳукмро барои Шарофиддин Додов ба ҷурми зарбушатми Саидаҳмад Зайдзода, қозии додгоҳи ноҳияи Панҷ содир кард.

 Ҳодисаи зарбушатми қозии додгоҳи ёдшуда дар рӯзи 16-уми ноябри соли қабл рух дод ва ин нахустин бор нест, ки як масъули қазоии Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор мегирад.

Дар тобистони соли 2017 низ Давлатманд Раҳимзода, раиси додгоҳи ноҳияи Панҷ бо ҳамлаи табари фарде ба номи Диловар Олимов маҷрӯҳ ва равонаи бемористон шуд.

Ба дунболи ин ҳодиса додгоҳ Диловар Олимовро ба 15 сол зиндон маҳкум кард.