Феврал 03, 2018 10:02 Asia/Dushanbe
  • Дубора ба манотиқи даргирӣ бозгаштани 30 ҷангҷӯи собиқ аз вилояти Суғд

Раиси ҷадиди полиси вилояти Суғд гуфтааст, аз 72 нафар аз сокинони шимоли Тоҷикистон, ки аз Сурияву Ироқ бозгашта буданд, 30 нафар дубора ба манотиқи даргирӣ ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд.

Ба гузориши “Азия плюс”, генерал Қудратуллоҳ Назарзода дар нахустин нишасти хабарии худ дар шаҳри Хуҷанд пас аз таъйин ба ин симмат гуфт, ин 72 нафар бо ибрози пушаймонӣ аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ, довталабона дар соли 2017 ба вилояти Суғд бозгашта буданд, ки мавриди афв қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи вай, дар айни ҳол 30 тан аз онон дубора ба манотиқи даргирӣ дар кишварҳои хориҷӣ рафтаанд.

 Раиси полиси ҷадиди вилояти Суғд гуфтааст, бештари афроде, ки бо ибрози пушаймонӣ аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ аз Сурияву Ироқ довталабона ба вилояти Суғд бозгашта буданд, мавриди афв қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи вай, фақат алайҳи як нафар аз ин афрод, ки пас аз бозгашт аз Сурия дубора барои таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ иқдом карда буд, парвандаи ҷиноӣ ташкил шуд.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон дар соли 2015 бо ислоҳи қонуни муҷозоти ҷиноӣ дар ин кишвар, заминаи афви аъзои гурӯҳҳои террористиро дар сурати бозгашти довталабонаи онон ба ин ҷумҳурӣ фароҳам сохтанд.