Феврал 04, 2018 12:05 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва Ҷопон

Вазири дороии Тоҷикистон дар дидорҳои ҷудогона бо сафирони Иттиҳоди Аврупо ва Ҷопон дар ин кишвар, бар густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ба гузориши маркази матбуотии Вазорати молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода бо Ҳидоят Бишевич, раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор ду тараф мавзӯи чашмандози ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба манзури рушди иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Тарафайн ҳамчунин бар иҷрои ислоҳот дар бахшҳои беҳдошт, ҳимояти иҷтимоӣ, мудирияти амволи давлатӣ ва мушорикат миёни бахши хусусӣ ва давлатӣ таъкид карданд.

Вазири дороии ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, мутмаин ҳастем дар равобити Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, шоҳиди ҳамкориҳои пуррангтар бо рушди баландмуддат хоҳем буд.

Раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо низ бо ишора ба тадовуми ҳамкорҳои хуб ва барномарезӣ шуда миёни Тоҷикистон ва ин иттиҳодия гуфт, Иттиҳоди Аврупо омодаи ҳамкорӣ дар иҷрои стратегияи ҷадиди тавсеаи миллии Тоҷикистон, то соли 2030 аст ва Вазорати молияи Тоҷикистон дар ин замина нақши муҳимме ифо мекунад.

Вазири дороии Тоҷикистон дар дидор бо Хаджимэ Китаока, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон низ бо таъкид бар тақвияти равобити дуҷониба дар заминаи ҳамкориҳои фаннӣ ва фарҳангӣ, хостори мубодила таҷориб байни ду кишвар дар сутӯҳи мухталиф шуд.