Баста шудани садҳо масҷид ба дасти давлати Тоҷикистон
Масъули Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон аз таътилии ҳудуди ду ҳазор масҷид дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, ба нақл аз манобеи хабарии тоҷикӣ, Сулаймон Давлатзода рӯзи душанбе афзуд, бахше аз ин масоҷид бино ба тасмими ниҳодҳои давлатӣ барои сукунат ба хонаводаҳои ниёзманд вогузор шуда ва аз бахши дигаре низ ба унвони воҳидҳои фарҳангӣ ё тавлидӣ истифода мешавад.
Масъули Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон ҳамчунин аз барканории 35 тан аз хатибони масоҷид дар Тоҷикистон ба далели муваффақ нашудан дар озмунҳои баргузоршуда аз сӯйи ин кумита хабар дод.
Давлатзода маҷмӯи афродеро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон машғули таҳсил дар улуми динӣ буданд, ҳудуди се ҳазору 700 нафар эълом кард ва афзуд, се ҳазору 400 нафар аз онҳо ба кишвар баргардонда шудаанд.
Давлати Тоҷикистон дар солҳои ахир ба баҳонаи нақши марокизи динӣ дар густариши ифротгароӣ, бисёре аз масоҷидро таътил ва шуморе аз рӯҳониёнро боздошт кардааст.