Феврал 07, 2018 13:14 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши парвандаҳои зидди терроризм дар вилояти Суғд

Додгоҳҳои вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон дар соли гузашта 16 парвандаи ҷиноии марбут ба терроризмро баррасӣ ва расидагӣ кардаанд.

Ба гузориши сомонаи “Суғд нюз”, ин парвандаҳо умдатан марбут ба ҳузури сокинони вилояти Суғд дар қолаби гурӯҳҳои террористӣ дар ҷангҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон будааст.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2016 теъдоди парвандаҳои зидди терроризм дар Суғд 28 то буд.

Дар маҷмуъ дар соли 2017 додгоҳҳои вилояти Суғд 257 нафарро бар асоси парвандаҳои зидди терроризм мавриди бозпурсӣ қарор доданд.

Мақомоти давлатии Тоҷикистон мегӯянд, дар маҷмуъ ҳазору 144 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ, ба вижа ДИИШ пайвастаанд, ки 300 нафар аз онҳо дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ кушта шудаанд.

Ниҳодҳои интизомии Суғд ҳамчунин эълом кардаанд, 600 шаҳрванди ин вилоят ба иттиҳоми даст доштан дар аъмоли террористӣ таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд.