"Маҳмулаи 200"; воқеияти талхе, ки домангири хонаводаҳои муҳоҷирон аст + Инфографика
(last modified Fri, 26 Aug 2016 10:32:37 GMT )
Август 26, 2016 15:32 Asia/Dushanbe

Дар ним сол 436 тобути муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

 Ба иттилои Сумангул Тағойзода, вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 436 тобути коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба давраи мушобеҳи соли гузашта 2 адад зиёд аст.

Миёни ин тобутҳо, ҷанозаи Тиловат Зулфонов, Ватан Ғафуров, Рамазон Шоимов, Суҳроб Хушаков, Иноят Ризоев, Саиднуриддин Собиров ва даҳҳо нафари дигар низ буданд, ки танҳо дар соли ҷории 2016 аз тарафи нажодпарастон ва гурӯҳҳои ҷиноӣ ба қатл расидаанд.

Чанд аксе аз Тиловат Зулфонов, ҷавони тоҷики кушташуда дар шаҳри Новосибирски Русия дар соли 2016 мелодӣ;

Тиловат Зулфонов

Ҳарчанд омилҳои зиёде боиси маргу мири муҳоҷирон аст, вале Сумангул Тағойзода дар бораи сабабҳои маргу мири онҳо тавзеҳ надодааст.

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷики муқими Русия бар ин назар аст, ки омори расмиву ғайрирасмии маргу мири муҳоҷирон тафовути зиёд дорад ва теъдоди ғайрирасмии ҷанозаи муҳоҷирон дар сол ба марзи 3 ҳазор тобут мерасад.  

Каромат Шарифов, раҳбари ҷумбиши Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки ҳамакнун додгоҳи Русия фаъолияти созмони ӯро мамнуъ эълом кардааст, бар ин назар аст, ки ҳамасола беш аз 2000 нафар шаҳрвандони тоҷик дар Русия мефавтанд ва омори расмӣ шумори фавтидагонеро ки дар гӯристонҳои Русия мадфун шудаанд ва онҳоеро, ки нопадид шудаанд, дар бар намегирад.

Дар ҳамин ҳол тибқи маълумоти ҷунбиши Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, беш аз 80 дарсади маргу мири муҳоҷирон марбут ба бемориҳои мухталиф аст, ҳудуди ду дарсад ба дасти гурӯҳҳои нажодпарасти рус ва шаш дарсад дар ҷараёни задухӯрдҳо миёни гурӯҳҳо ва созмонҳои ҷиноӣ кушта мешаванд.

Коршиносон мегӯянд, омили асосӣ ва нигаронкунандае, ки сол то сол рӯ ба афзоиш аст, ин қатлу куштори ваҳшатноки муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз тарафи нажодпарастон ва гурӯҳҳои ҷиноӣ аст.

INFOGRAPHIC:

Сабабҳои маргу мири муҳоҷирон

Дар рибита ба ин мавзӯъ, агар як каме сафҳаи торихи нонавиштаи муҳоҷирони кории тоҷикро ба қафо баргардонем, мебинем, ки дар он ҷо номи кӯдаки навзоди тоҷик Умаралӣ Назарови 5 моҳа ҳам ҳаст, ки соли 2015 қурбонии беадолатиҳо гаштааст, ки ҳанӯз аз ёди мардуми Тоҷикистон нарафтааст.   

Аксҳое аз Умаралӣ Назаров, тифли 5 моҳаи тоҷике, ки соли 2015 дар Русия ба таври мармуз ба шаҳодат расид.

Умаралӣ Назаров, тифли 5 моҳаи тоҷике ки дар соли 2015 ба шаҳодат расид

Таҳлилгарон мегӯянд, ҳарчанд ин қазия ангезае буд барои он ки масъулон дигар бетааллул ва диранг бояд аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ, ба вижа дар Русия, ки аз беҳимоятӣ ранҷ мебаранд, бо ҷасорат дифоъ кунанд, аммо ба гуфтаи иддае аз соҳибназарон ангезаи ҳимояти ҷиддӣ аз ҳаққи шаҳрвандон ҳанӯз дар соли 2004, ҳангоме ки нажодпарастон ба таври ваҳшатнок духтари 8 солаи тоҷик Хуршеда Султоноваро дар Санкт Петербург бо зарби 11 корд ва садои "Вон из России" ба қатл расониданд, аз худ хабар дода буд, ки шояд чандон ҷиддӣ гирифта нашуд, зеро шумори муҳоҷирони корӣ аз садҳо ҳазори он солҳо ба ҷои коҳиш, ба болои миллион нафар афзоиш ёфт.   

Баъди ин қазия, баъдан омори солонаи интиқоли тобути муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ ё ба истилоҳ "Маҳмулаи 200" ё "Груз 200" сол то сол афзоиш ёфта аз 500 ба 600 ва то болои ҳазор тобут дар як сол расид. Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар соли 2008 681 тобут аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Дар соли 2009 ин омор афзоиш ёфт ва ба 784 нафар расид, ки сабаби марги 95 нафари онҳо қатлу куштори ваҳшиёна буд. Дар нимсолаи 2010 395 тобут интиқол ёфтааст. Соли 2011 боз ҳам интиқоли тобути муҳоҷирон бештар шуд ва ба 816 нафар расид, ки 89 ҳолати он марбут ба қатлу куштор аст. Соли 2012 ин омор якбора ба таври рекордӣ боло рафт ва ба 1055 тобут дар сол расид, ки сабаби марги 88 нафари онон қатл мебошад. Ин болотарин омори интиқоли тобути муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар торихи истиқлол буд. Дар соли 2013 942 тобут аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Вале дар соли 2014 боз омори маргу мири муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба болои ҳазор нафар расид ва ба 1006 тобут дар он сол баробар буд. Дар соли 2015 862 тобути муҳоҷирони фавтида аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

Нақша 1
Нақша 2
Нақша 3

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Қирғизистон, ки расман ҳудуди 600 то 700 ҳазор муҳоҷири корӣ дар Русия фаъолият доранд ва ба омори расмии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки ба қавли мақомот болои 700 ҳазор нафаранд, тақрибан баробар аст, дар соли 2008 127 "Маҳмулаи 200", дар соли 2009 115 тобут, дар соли 2010 80 тобут, дар соли 2011 57 тобут ва дар соли 2013 144 тобут интиқол ёфтааст, ки дар ин сол 6 ҳолати он марбут ба куштор аст.

Нақша 4
Нақша 5

Ба гуфтаи коршиносон овардани тобути муҳоҷирони фавтида аз Русия ба Тоҷикистон марҳилаҳои зиёдеро тай мекунад ва хонаводаҳои мусибатзадаи онҳоро ба мушкилоти бисёре мувоҷеҳ месозад.

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷики муқими Русия мегӯяд, ки масъулони идорӣ ва сардхонаҳои Русия таҳвили тобути муҳоҷирони кории тоҷикро ба тиҷорат табдил додаанд ва ин кор хароҷоти берун овардани тобути муҳоҷир аз Русияро чанд баробар зиёд мекунад.

Дар пайи як дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интиқоли тобути муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон аксаран аз тариқи ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" ба таври ройгон сурат мепазирад. Хайрулло Раҳимов, раҳбари ширкати "Тоҷик эйр" дар нишасти хабарии ахир гуфт, дар нимсолаи 2016 ин ширкат 200 тобутро аз Русия ба Тоҷикистон интиқол додааст. Ба гуфтаи вай, мақомоти рус бо тартиб додани асноди зарурӣ, ба василаи рейси наздиктар, ки шояд "Тоҷик эйр" бошад, ё "Сомон эйр", тобутро таҳвил медиҳанд.

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷики муқими Русия ройгон интиқол додани тобути муҳоҷирон тавассути ширкати "Тоҷик эйр" ро иқдоми хуб ва қобили таҳсин арзёбӣ кард.           

Бо ин ҳол гуфта мешавад, ки барои интиқоли тобути муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз буҷет пул ҷудо намешавад ва дар аксари маврид бастагони муҳоҷирон ҳамаи хароҷотро худ пардохт мекунанд. Нодира Абдуллоева, намояндаи Маркази ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон қаблан изҳори нигаронӣ карда буд, ки ҳамасола аз хориҷ  ба Тоҷикистон садҳо ҷасади муҳоҷирони корӣ интиқол меёбад, ки бештар аз ҳисоби маблағҳои хонаводаи худи муҳоҷирон сурат мегирад.

 Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи масъули Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Толиб Шарифов, масъалаи таъсиси фонд барои интиқоли ройгони ҷасади муҳоҷирони фавтида дар доираи лоиҳаи қонун "Дар бораи муҳоҷират" пешбинӣ шудааст, аммо Вазорати молияи Тоҷикистон дар ҷудо кардани маблағ аз ҳисоби буҷет барои ин кор чандон моил нест.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст то соли 2017 дар асоси Нақшаи миллии иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони милал дар бораи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳои онҳо сарчашмаи молиро дақиқ кунад ва дар хусуси механизмҳои амалисозии интиқоли ройгони ҷасади муҳоҷирон пурра ҳисобот пешниҳод созад.

Видео: Саргузашти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба ривояти тасвир

Маврид ба зикр аст, омори расмие, ки Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар хусуси муҳоҷирати шаҳрвандон ба Русия ироа медиҳад, андаке бештар аз 700 ҳазорро ташкил медиҳад, аммо омори расмии Хадамоти муҳоҷирати Русия теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин кишварро болои 1 миллиону 200 ҳазор нишон медиҳад. Ин дар ҳолест, ки дар нимсолаи соли ҷорӣ ба сабаби буҳрони молӣ дар Русия ва коҳиши ҷойҳои корӣ дар ин кишвар, танҳо ҳудуди 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайдо кардани кор ба Русия сафар кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Русия ҳамасола тақрибан то 12 миллион шаҳрванди хориҷиро қабул мекунад, ки аз ин теъдод танҳо ҳудуди 30 дарсади онҳо бо ҳадафи пайдо кардани кор ба ин кишвар сафар мекунанд.

INFOGRAPHIC:

Инфографика

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки то замоне дар Тоҷикистон ҷойи кори муносиб барои коргарони муҳоҷири тоҷик фароҳам нашавад ва омори муҳоҷирони корӣ ба Русия ба ҷойи кам шудан дар ҳоли афзоиш бошад, он ҳам дар шароите ки ҳуқуқи онҳо дар муҳоҷират ба таври бояду шояд ҳимоят намешавад, афзоиши омори солонаи "Маҳмулаи 200" воқеяти талхе хоҳад буд, ки домангири хонаводаҳои муҳоҷирон мегардад.