Полиси Тоҷикистон муваззаф ба ёдгирии забони англисӣ шуд
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба ҳамаи кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвар дастур дода, ки забони англисӣ ва ахлоқи муошират бо хориҷиёнро омӯзанд.
Ба иттилои Форс, дар Тоҷикистон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор шуданд, забони англисиро биомӯзанд.
Қайд мешавад, ки давраҳои омӯзишӣ мувофиқи ҷадвал дар соатҳои вижа гузаронида мешавад.
Ба гуфтаи вазир, кормандони милиса вазифадоранд, дар давраҳои омӯзишӣ дар вақти холӣ аз кор, ширкат кунанд.
Аксари кормандон бо забони русӣ гап мезананд, албатта хуб мешуд, агар онҳо камобеш бо гардишгарон ба забони англисӣ суҳбат кунанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистоон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро соли рушди гардишгарӣ эълом карда буд.