Феврал 21, 2018 13:53 Asia/Dushanbe
  • Давлати Тоҷикистон қарзҳои хориҷиро то соли 2028 пардохт мекунад

Давлати Тоҷикистон барномарезӣ кардааст то соли 2028 қарзҳояшро ба харидорони авроқи баҳодор (авроқи қиматбаҳо)-и давлатӣ ба таври комил пардохт кунад.

Ба гузориши “Спутник”, Тоҷикистон дар назар дорад пас аз 10 сол 500 миллион доллареро, ки барои сохтусози нерӯгоҳи обии “Роғун” аз сармоягузорони хориҷӣ дарёфт карда буд, ба таври комил бозгардонад.

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, давлати Тоҷикистон барномарезӣ кардааст, ки то поёни соли 2028 ба таври комил вомҳояшро ба харидорони хориҷии авроқи баҳодори давлатӣ бо суди он пардохт кунад.

500 миллион долларе, ки аз фурӯши авроқи баҳодор барои такмили сохтмон ба даст омадааст, сарфи нерӯгоҳи обии “Роғун” мешавад.

Ин ниҳоди молӣ гуфтааст, ки аз соли ҷорӣ будҷаи давлатӣ ҳарсола маблағи муайянеро барои пардохти ин вомҳо дар назар хоҳад гирифт.

Давлати Тоҷикистон дар назар дорад, ки ҳама вомҳояшро дар солҳои 2025-2027 ба вомдиҳандагон баргардонад, аммо то пеш аз соли 2025 ба вомдиҳандагон фақат дарсадҳоро пардохт хоҳад кард.

Суди ин вомҳо 7.1 дарсад дар сол аст.