Девори Каримов дар марзи Узбакистону Тоҷикистон тахриб шуд
(last modified Thu, 22 Feb 2018 13:54:06 GMT )
Феврал 22, 2018 18:54 Asia/Dushanbe
  • Девори Каримов дар марзи Узбакистону Тоҷикистон тахриб шуд

Девори бузурги Ислом Каримов дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа – Саразм, дар вилояти Самарқанди Узбакистон ҳаммарз бо вилояти Суғди Тоҷикистон вайрон шуд.

Ба иттилои Акипресс, дар ҷарёни вайрон кардани девор намояндагони қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистону Узбекистон ширкат доштанд.

Девори мазкур бо дарозии зиёда аз 10 метр соли 2010 аз ҷониби Узбакистон сохта шуда буд.

Ба гуфтаи Шоҳини Равшан, рӯзноманигор аз ноҳияи Панҷакент, маросими ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа – Саразм барои авосити март барномарезӣ шудааст.

Вай афзуд: Панҷакент барои ҷашни Наврӯз омода мешавад ва интизор меравад, дар ин маросими бошукӯҳ ҳайъати Узбакистон низ ҳузур пайдо кунад.

Ин маросим дар шаҳри Панҷакент бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ва меҳмонони хориҷӣ баргузор мешавад.

гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа – Саразм танҳо пости марзӣ дар водии Зарафшон миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аст, ки ҳафт сол қабл дар ноябри 2010 ба таври якҷонба аз сӯи Узбакистон баста шуда буд.