Ҷон бохтани ду муҳоҷири тоҷик дар Бошқиристони Русия + акс
Рӯзи 25-уми феврал бар асари як тасодуф дар шоҳроҳи Самара-Уфа-Челябинск ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Туркия ҷон бохтанд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин се муҳоҷир сарнишини мошини сабукрав буданд, ки дар 130 километрии ғарби шаҳри Уфа, пойтахти Бошқиристон ба як комюн (камаз -мошини боркаш)-и “Scania” бархурд карданд.
Ин ҳодиса 25-уми феврал дар наздикии рустои Кандрии ноҳияи Туймазии ҷумҳурии Бошқиристон, дар шоҳроҳи Самара-Уфа-Челябинск (Самара–Уфа– Челябинск) рух додааст.
Бинобар баррасиҳои аввалия, идораи фармон аз дасти ронандаи мошини сабукрав хориҷ шуда, ба самти муқобили роҳ гузашта, бо мошини боркаш бархурд кардааст.
Ронандаи мошини сабукрави шахсӣ, сокини 43 солаи шаҳри Уфа ва ронандаи камаз, сокини 49 солаи шаҳри Челябинск дар ин ҳодиса садама надидаанд, аммо се мусофири мошини сабукрав дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.
Аксҳое, ки шоҳидон аз маҳалли ҳодиса нашр кардаанд, нишон медиҳад, ки дар натиҷаи садама сақфи мошини сабукрави шахсӣ комилан аз байн рафта ва ин ки ронандаи он ҷони солим бадар бурдааст, муъҷиза аст.
Исми ҷонбохтагон ҳанӯз нашр нашудааст, вале Динор Гилмутдинов, раиси полиси роҳи Бошқиристон дар веб-блогаш хабар дод, ки ҳар се қурбонии ин ҳодиса шаҳрвандони хориҷӣ, ду нафар аз Тоҷикистон ва як нафар аз Туркия будаанд.
Ба гуфтаи мақомоти полис, қурбониён 23, 55 ва 49 сол доштанд.
Шаҳрванди Туркия дар Бошқиристон ҳаққи иқомат доштаву ду муҳоҷири тоҷик сабти номи муваққат доштаанд.