Март 05, 2018 11:48 Asia/Dushanbe
  • Ширкати малайзиягӣ дар Тоҷикистон неругоҳи ҳароратӣ месозад

Ширкати малайзиягии “HOS International Trading”, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ, проекти сохти неругоҳи барқӣ ҳароратии Шӯроб дар шимоли Тоҷикистонро ба анҷом хоҳад расонд.

Ба гузориши “Авесто”, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, намояндагони ин ширкати малайзиягӣ соли гузашта 2017, ба шаҳраки Шӯроб дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд сафар карда ва иттилооти марбут ба захоири ангишти минтақаиро, ки дар он сохти як неругоҳи ҳароратӣ, барномарезӣ шуда, дарёфт кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, интизори меравад, ки то поёни моҳи марти имсол ин ширкати малайзиягӣ ба давлати Тоҷикистон, нусхаи ҷадиде аз мутолиаи имконсанҷии проекти Шӯробро ироа намояд.

Проекти сохти неругоҳи барқии ҳароратӣ дар шаҳракаи Шӯроби ноҳияи Исфара бо зарфияти 300 мегаватт, бо сармоягузории мустақим ба маблағи 400 миллион доллар сохта хоҳад шуд.

Бар асоси тавофуқ, сармоягузор аз захоири ангишти Шӯроб барои 30 сол, истифода хоҳад кард ва фурӯши барқи тавлид шуда дар ин неругоҳ аз ҷониби ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" сурат хоҳад гирифт.

Дар поёни октябри соли 2013 давлати Тоҷикистон ва ширкати малайзиягии “HOS International Trading”,дар бораи сохти неругоҳи барқӣ ҳароратии Шӯроб тавофуқномаи имзо карда буданд.