Март 07, 2018 11:15 Asia/Dushanbe
  • Оғози муҳокимаи панҷ муттаҳами узвият дар гурӯҳи “Салафия”

Додгоҳи ноҳияи Истаравшан дар вилояти Суғди Тоҷикистон, муҳокимаи панҷ нафар аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи “Салафия” оғоз кардааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, Содиқҷон Ваҳҳобзода, раиси додгоҳи ноҳияи Истаравшан иттиҳоми ин афродро узвият дар гурӯҳи мамнуаи “Салафия”, мушорикат дар созмонҳои ифротӣ ва иттилоъ надодани вуҷуди ин фирқаи тундрав ба кормандони интизомӣ эълом кард.

Ба гуфтаи Бахтиёр Оқилзода, раиси додгоҳи вилояти Суғд тайи соли 2017 дар шимоли Тоҷикистон, 257 нафар аз сокинони ин минтақа ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ боздошт ва муҳокима шудаанд.

Ба гуфтаи вай, дар миёни ин афрод як зану се навҷавони ноболиғ низ вуҷуд доштанд.

Баррасиҳо нишон медиҳад, бо вуҷуди сахт шудани мубориза бо фаъолияти гурӯҳи мамнуаи “Салафия” дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар манотиқи мухталифи ин кишвар мубаллиғони ин созмони ифротӣ ба таблиғи барномаҳо ва ҷазби аъзои ҷадид машғул ҳастанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар солҳои 2009 ва 2014 фаъолияти салафиҳоро дар ин кишвар мамнуъ ва ин гурӯҳро ифротӣ эълом кард.

Пас аз он ки мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон эълом карданд, бештари шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Сурия ва Ироқ дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ ҳузур доранд, қаблан пайрави ҷараёни салафия будаанд, боздошт ва зиндонӣ кардани густурдаи аъзои ин фирқа шиддат гирифтааст.