Март 10, 2018 12:20 Asia/Dushanbe
  • Интихоби муҷрии бахши тоҷикистонии тарҳи КАСА - 1000

Бонки Ҷаҳонӣ аз интихоби муҷрии бахши тоҷикистонии тарҳи сохти хати интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон, мавсум ба КАСА- 1000 дар рӯзҳои оянда хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Бонки Ҷаҳонӣ, ки сармоягузори аслӣ дар тарҳи КАСА -1000 ба ҳисоб меояд, ширкати иҷрокунандаи тарҳро бар асоси муноқиса (арзонкорӣ) интихоб мекунад.

Ба ин манзур сохти хати барқи фишорқавӣ аз истгоҳи Додхоҳи Қирғизистон то шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон мадди назар аст.

Ҳамчунин сохти хати фишорқавии интиқоли барқи ин ду кишвар аз минтақаи Сангтӯдаи Тоҷикистон то Кобул (пойтахти Афғонистон) ва шаҳри Пешовари Покистон барномарезӣ шудааст.

Гуфтанӣ аст, бар асоси тарҳи КАСА- 1000 қарор аст, панҷ миллиард киловатт соат барқи изофии тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли тобистон ба Афғонистон ва Покистон мунтақил шавад.

Аз ин мизон 70 дарсад саҳми Тоҷикистон ва 30 дарсад саҳми Қирғизистон аст.

Қимати ҳар киловатт соат барқи содиротии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон 9,3 сент эълом шудааст.

Тарҳи хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон, мавсум ба КАСА - 1000 таҳти назорати Бонки Ҷаҳонӣ қарор аст дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад.

Маблағи пешбинишудаи сохти ин тарҳ беш аз як миллиард доллар аст.