Иддаои эҳтимоли канда шудани садди кӯли "Сарез" беасос аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i3121-Иддаои_эҳтимоли_канда_шудани_садди_кӯли_Сарез_беасос_аст
Раиси Маркази зилзилашиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон иддаои бархе коршиносон дар бораи эҳтимоли тахриби садди табиии кӯли "Сарез" бар асари зилзилаи шадидро беасос унвон кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 29, 2016 05:18 Asia/Dushanbe
  • Иддаои эҳтимоли канда шудани садди кӯли

Раиси Маркази зилзилашиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон иддаои бархе коршиносон дар бораи эҳтимоли тахриби садди табиии кӯли "Сарез" бар асари зилзилаи шадидро беасос унвон кард.

Ба гузориши "Авесто", Собит Неъматуллоев дар поёни ҳамоиши байналмилалии баррасии "Муқовимати садҳои Осиёи Марказӣ дар муқобили зилзила" дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар 50 соли ахир дар бораи эҳтимоли тахриби садди кӯли "Сарез" ва дигар садҳои бузурги Тоҷикистон пажӯҳишҳои зиёде анҷом шудааст, ки нодуруст будани ин навъ иддаоҳоро нишон медиҳад.

Неъматуллоев таъкид кард, дар солҳои ахир бо кӯмаки фаннӣ ва молии кишвари Швейтсария се пойгоҳи зилзиланигорӣ дар Тоҷикистон бо таҷҳизоти пешрафта сохта шудааст, ки имкони тадвини нақшаҳои дақиқи манотиқи зилзилахезро дар кӯтоҳтарин замони мумкин фароҳам месозад.

Раиси Маркази зилзилашиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон афзуд: "Ҳамчунин дар нерӯгоҳи барқӣ обии "Норак" бо садди 300 метрӣ, пойгоҳи зилзиланигории муҷаҳҳаз вуҷуд дорад, ки дар он бонки иттилоотии муҳиме дар мавриди муқовимати садди ин нерӯгоҳ дар баробари зилзилаҳои эҳтимолӣ эҷод шудааст.

Собит Неъматуллоев аз коршиносони ширкаткунанда дар ҳамоиши байналмилалии баррасии "Муқовимати садҳои Осиёи Марказӣ дар муқобили зилзила" хост, ки натоиҷи баҳсҳои матраҳшуда дар ин нишастро дар кишварҳои худ мунташир кунанд.

Кӯли "Сарез" бар асари зилзилае шадид дар 5 феврали соли 1911 дар қаламрави вилояти Бадахшони Тоҷикистон, дар баландии 3 ҳазору 263 метр аз сатҳи дарё ба вуҷуд омадааст.

Ин кӯл беш аз 55 километр тӯл ва 16 миллион километри мураббаъ захоири об дорад.

Дар солҳои ахир бархе донишмандон эҳтимоли тахриби садди ин кӯл бар асари зилзилаи шадидро матраҳ мекунанд, ки метавонад таҳдиде барои ҷони 5 миллион нафар аз сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба шумор ояд.