Варзиши субҳгоҳӣ барои кормандони тоҷик иҷборӣ шуд
(last modified Tue, 13 Mar 2018 08:14:45 GMT )
Март 13, 2018 13:14 Asia/Dushanbe
  • Варзиши субҳгоҳӣ барои кормандони тоҷик иҷборӣ шуд

Аз ин ба баъд кормандони идораҳои давлатии Тоҷикистон бояд ҳар рӯзи шанбе аз соати 7-00 то 7-30 ба таври дастаҷамъона машқи бадан кунанд.

Ба иттилои Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ин ташаббус таҳти унвони "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” роҳандозӣ шудааст.

Бар асоси ин нақша, кормандони идораҳои давлатӣ ва ҳамин тавр, донишҷӯён бояд бо навбат ҳар рӯзи шанбе аз соати 7-00 то 7-30 ба сурати дастаҷамъӣ барои машқҳои пагоҳирӯзӣ ҳозир шаванд.

Рӯзи шанбеи 10 март кормандони вазорати саноат дар Боғи Парчам, кормандони вазорати фарҳанг дар Боғи Рӯдакӣ ва кормандони донишгоҳи тиббӣ дар Боғи Айнӣ машқи пагоҳирӯзӣ доштаанд. Коргарони вазорати тандурустӣ дар ин рӯз дар назди шаршараи Наврӯзгоҳ ва аҳли коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ дар Боғи ҷавонон машқи бадан кардаанд.

Ҳамин тавр, рӯзи 17 март кормандони Кумитаи телевизион ва радио дар Боғи Парчам, кормандони кумитаи замин дар Боғи Рӯдакӣ, аҳли донишгоҳи омӯзгорӣ дар Боғи Айнӣ ва кормандони Кумитаҳои муҳити зист, занону оил ва забону истилоҳот дар назди шаршараи Наврӯзгоҳ барои машқи пагоҳирӯзӣ ҷамъ хоҳанд омад.

Талоши ҷалби кормандони идораҳои давлатӣ ба варзиш ташаббуси наве нест.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҳанӯз моҳи ноябри соли 2016 дастур дода буд, ки кормандони милиса ҳар ҳафта 5 километр кросс бидаванд ва машқҳои дигари варзишӣ кунанд. Бар асоси фармони Раҳимзода, кормандоне, ки вазни аз меъёр зиёд доранд, аз сафи милиса ронда мешаванд.