20-уми март - таҷлили Рӯзи Фарҳанг дар Тоҷикистон
Рӯзи сешанбе, 20-уми март дар Тоҷикистон нахустин бор аз “Рӯзи Фарҳанг” таҷлил шуд.
Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар панҷуми апрели соли 2017, аз ин ба баъд 20-уми март ҳамчун Рӯзи Фарҳанг дар Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Ба муносибати ин ҷашн, субҳи 20-уми март роҳбарон ва кормандони Вазорати фарҳанг ба аёдати пешкисватон (собиқвдорон)-и ин бахш рафтанд.
Бахши расмӣ ва ҳунарии ҷашн дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон баргузор шуд ва ба ҳамин муносибат дар назди бинои ин донишкада, ҳунарҳо ва дастовардҳои аҳли фарҳанг ба намоиш гузошта шуд.
Дар ин маросим ҷоизаҳо ва лавҳаҳои ёдгорӣ низ ба ҳунармандон тақдим шуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур арҷгузорӣ ба таърих ва фарҳанг ва ҷалби мардум ба корҳои дастаҷамъона дар маросимҳои фарҳангӣ эълом шудааст.