Март 21, 2018 16:57 Asia/Dushanbe
  • “Шоҳроҳи Абрешим” гардишгарони амрикоӣ ва аврупоиро ба Тоҷикистон меорад

Як ширкати хориҷӣ тасмим гирифтааст, ки гардишгарони амрикоӣ ва аврупоиро бо қатори “Шоҳроҳи Абрешим” ба Тоҷикистон биёрад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Нурлан Мукаш, як масъули ширкати гардишгарӣ дар Олмон  дар сӯҳбат бо Маликшоҳ Неъматов, сафири Тоҷикистон дар ин кишвар гуфтааст: ин ширкат тасмим гирифтааст, ки бо 4 қатори вижа гардишгарони аврупоӣ ва амрикоиро аз тариқи “Шоҳроҳи Абрешим” ба Тоҷикистон биёрад.

Ширкати гардишгарии зери назари Нурлан Мукаш ба ташкили сайру саёҳат бо қатори гардишгарӣ ба гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон машғул аст. Ин ширкат соли 2017 бори нахуст гурӯҳи 100- нафарии гардишгаронро аз Олмон ва Амрико ба тамошои Тоҷикистон оварда буд.

Нурлан Мукаш дар дидор бо сафири Тоҷикистон дар Олмон гуфтааст, Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гардишгарӣ буда, дар байни мардумони Аврупо ва Амрико хоҳишмандони зиёде қасди сафар ба ин кишварро доранд.

Дар ин дидор ҳамзамон таъкид шудааст, ки ба сатҳи нав баромадани муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбакистон дар рушди гардишгарӣ метавонад муосидати созгор намояд ва аз ин рӯ ширкати мазкур тасмим гирифтааст, ки бо 4 қатори вижаи сайёҳӣ гардишгарони аврупоӣ ва амрикоиро аз тариқи “Шоҳроҳи Абрешим” ба Тоҷикистон биёрад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки як ширкати сайёҳии маъруфи амрикоӣ дархости ҳамкории мутақобилан судманд бо ширкатҳои гардишгарии тоҷикистониро додааст ва қасд дорад, ки таваҷҷуҳи гардишгарони зиёди амрикоиро ба Тоҷикистон ҷалб кунад.

 

Барчасп