Русия боз ҳам Тоҷикистонро таҳдид кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i31682-Русия_боз_ҳам_Тоҷикистонро_таҳдид_кард
Бо ҳозир нашудани ҳайати Тоҷикистон дар музокира бо мақомоти Вазорати нақлиёти Русия барои ҳалли ихтилофи парвозӣ миёни ду кишвар, Русия бори дигар Тоҷикистонро ба таҳримҳо таҳдид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 23, 2018 15:30 Asia/Dushanbe
  • Русия боз ҳам Тоҷикистонро таҳдид кард

Бо ҳозир нашудани ҳайати Тоҷикистон дар музокира бо мақомоти Вазорати нақлиёти Русия барои ҳалли ихтилофи парвозӣ миёни ду кишвар, Русия бори дигар Тоҷикистонро ба таҳримҳо таҳдид кард.

Ба гузориши сайти “ТОП Тҷ”, мақомоти Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон бояд рӯзи 22-юми марти соли ҷорӣ барои музокира бо мақомоти Вазорати нақлиёти Русия ба Маскав мерафт.

Ин музокира барои ҳалли ихтилофоти ахир бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Уралские авиалинии” бояд анҷом мегирифт, ки иттифоқ науфтод ва русҳо дубора Душанберо ба таҳримҳо таҳдид кардаанд.

Чанд рӯз қабл мақомоти Созмони ҳавопаймоии кишварии Русия ба ду ширкати “Тоҷик-Эйр” ва “Сомон-Эйр” дастур дода буданд, барои парвоз ба шаҳрҳои Русия бояд ба дунболи интихоби масирҳои ҷадид бошанд.

Ин иқдом боиси тӯлонитар шудани замони расидани ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба ин кишвар ва афзоиши мизони масрафи сӯхт хоҳад шуд.

Ихтилофоти тоза бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Русия ва Тоҷикистон аз замоне оғоз шуд, ки Вазорати нақлиёти Русия аз рӯзи ҳафтуми марти соли ҷорӣ Тоҷикистонро ба иҷдоми ҷавобӣ таҳдид кард.

Баҳонаи Вазорати нақлиёти Русия ин буд, ки Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар заминаи судури муҷаввиз барои парвозҳои ширкати “Уралские авиалинии” ба Душанбе ва Хуҷанд амал накардааст.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъкид кардааст, Русия аз ин парвозҳо суди фаровони молӣ касб мекунад, ки ба зиёни тарафи тоҷикистонӣ аст.

Ба гуфтаи мақомоти Идораи ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон, 63 дарсад аз парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон дар инҳисори ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аст.

Бештари коршиносон муътақиданд, боло гирифтани таниш миёни Маскав ва Душанбе бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ сирфан ангезаи иқтисодӣ дорад ва манофеи молии ширкатҳои ҳавоӣ маншаи ин мушкилот аст.