Март 26, 2018 08:41 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар истифода аз энержиҳои таҷдидпазир матлуб нест

Мудири Маркази фанновариҳои пешрафта дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон муътақид аст, ин кишвар аз нигоҳи истифода аз энержии хуршедӣ ва бодӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойгоҳи матлубе қарор надорад.

Ба гузориши хабаргузории “Фарғона”, Муҳаммадшоҳ Ҳилолов гуфтааст, ки бо вуҷуди доштани 250-300 рӯзи офтобӣ дар сол Тоҷикистон ҳанӯз ҳам барои истифода аз ин манбаи энержӣ кӯтоҳӣ мекунад.

Ахиран дар Узбакистон як нерӯгоҳи хуршедӣ бо зарфияти тавлиди 100 мегаватт барқ дар сол ба баҳрабардорӣ расид ва бо сохти ду нерӯгоҳи барномарезишудаи мушобеҳи дигар, дар маҷмӯъ, тавлиди энержии хуршедӣ дар ин кишвар ба 300 мегаватт хоҳад расид. Ин дар ҳолест, ки зарфияти тавлиди барқи нерӯгоҳи барқи обии “Норак” - бузургтарин нерӯгоҳи Тоҷикистон 2 ҳазору 700  мегаватт аст.

Дар Қазоқистон барои истифода аз манобеи энержӣ барномаҳое иҷроӣ шудааст ва корхонаи сохти панел (сафҳа)-ҳои хуршедӣ фаъолият мекунад. Дар Таркманистон пажуҳишгоҳи вижаи истифода аз нури хуршед вуҷуд  дорд, ки мавзӯи баҳрамандӣ аз ин манбаи энержиро баррасӣ мекунад. Аммо дар Тоҷикистон мизони истифода аз нури хуршед барои тавлиди барқ камтар аз 1 дарсад аст. Ҳамчунин дар Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳистонӣ аст, аз бод барои тавлиди барқ истифода намешавад. Аз дидгоҳи Муҳаммадшоҳ Ҳилолов, мушкили аслии матлуб набудани истифода аз энержиҳои таҷдидпазир дар Тоҷикистон камбуди манобеи молӣ ва таҷҳизот аст.