Март 27, 2018 12:47 Asia/Dushanbe
  • Таърихӣ донистани ҷашни Наврӯз барои Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе, ҷашни имсолро барои давлату мардуми кишвар таърихӣ донист.  

Ба нақл аз Ирно, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи Душанбе бо таваҷҷуҳ ба ҳузураш дар Нишасти Созмони милали муттаҳид гуфт, ҳамзамон бо рӯзи аввали иди Наврӯз, Маҷмаи умумии созмон, тарҳи 10 солаи байналмилалӣ бо унвони “об барои рушди пойдор” барои солҳои 2018 то 2028-ро расман оғоз кард, ки ин рӯйдод дар ҳақиқат мояи ифтихор барои тамоми мардуми Тоҷикистон аст.

Ин мавзуъ аз он ҷиҳат барои Тоҷикистон мояи ифтихор номида шудааст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои соҳибмақом дар манобеъ ва захоири об дар минтақа ва ҷаҳон аст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон ҷашни расмии таҷлил аз Наврӯз 21 март дар Душанбе ё минтақаҳои дигар дар кишвар баргузор мешуд, аммо имсол ба хотири сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Амрико ва ҳузур дар Нишасти Созмони милал, бо чаҳор рӯз таъхир баргузор шуд.

Маҷмаи умумии Созмони милал ҳам 23 феврали 2010 бо тасвиби қатъномае, 21 мартро дар чорчуби моддаи 49 маншури Созмони милал ва таҳти унвони фарҳанги сулҳ ба унвони “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” номгузорӣ кард.

 

Барчасп