Апрел 03, 2018 18:27 Asia/Dushanbe
  • Алкувайт - мизбони ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистону Кувайт

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз баргузории ройзаниҳои сиёсии ин кишвар ва Кувайт дар Алкувайт хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз баргузории ройзаниҳои сиёсии ин кишвар ва Кувайт дар Алкувайт хабар дод.

Ҳайати тоҷикро дар ин нишаст Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳайати кувайтиро Алӣ Сулаймон Ассаид, муовини вазири хориҷии ин кишвар дар умури кишварҳои осиёӣ бар уҳда дошт. Дар ҷараёни ин ройзаниҳо масоили марбут ба вазъияти феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳавзаи тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, омӯзиш ва парвариш, фарҳанг ва ҳамчунин амният аз мавзӯоте буданд, ки тайи ин нишаст мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин ширкаткунандагони ин нишаст дар хусуси вазъияти Ховари Миёна ва Афғонистон табодули назар ва бар зарурати ҳамкории тарафайн ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақа таъкид карданд.