Имзои тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i32458-Имзои_тавофуқномаи_ҳамкорӣ_миёни_вазоратҳои_хориҷии_Тоҷикистону_Русия
Тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2018 имзо шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 10, 2018 10:13 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Русия

Тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2018 имзо шуд.

Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин санад рӯзи душанбе ба дунболи музокироти расмии вазирони умури хориҷии ду кишвар дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия ба имзо расид. Бахши калидии тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Русия идомаи раванди татбиқи тавофуқномаҳо ва қарордодҳои расмии миёни ду кишвар аст, ки замони сафари Владмир Путин, раисҷумҳури Русия ба шаҳри Душанбе дар рӯзи 27-уми феврали соли 2017 ба имзо расида буданд.