Сафари башардӯстонаи як ҷаҳонгарди тоҷик ба даври дунё
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i32632-Сафари_башардӯстонаи_як_ҷаҳонгарди_тоҷик_ба_даври_дунё
​​​​Я​​к ҷаҳонгарди тоҷик қасд дорад ба манзури ҳимоят аз беморони мубтало ба бемории синдроми Даун сафари даври дунёро амалӣ кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 13, 2018 16:31 Asia/Dushanbe
  • Сафари башардӯстонаи як ҷаҳонгарди тоҷик ба даври дунё

​​​​Я​​к ҷаҳонгарди тоҷик қасд дорад ба манзури ҳимоят аз беморони мубтало ба бемории синдроми Даун сафари даври дунёро амалӣ кунад.

Фарҳод Калонов, ҷаҳонгарди тоҷик зимни эъломи тасмими худ дар шабакаи Фейсбук тасреҳ кардааст, ки сафари инфродии ҷаҳонии ӯ аз рӯзи аввал июни соли равон оғоз шуда ва як сол тӯл мекашад.

Қарор аст Калонов бо мошини худ аз 50 кишвари ҷаҳон дар 5 қораи ҷаҳон убур кунад ва кулли масири ҳаракати ӯ беш аз 100 ҳазор километр хоҳад буд.

Ин ҷаҳонгарди тоҷик ҳамчунин гуфтааст, ки ахиран ба унвони сафири Созмони ҷаҳонии СИДА (Созмони ҳимоят аз волидайни фарзандони мубтало ба синроми Даун) интихоб шуда ва вай зимни ин сафар ба даври дунё, бо ба роҳ андохтани кампине талош хоҳад кард, таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба кумак ва дастгирии кӯдакони гирифтор ба ин бемории модарзодӣ ва хонаводаҳои онон ҷалб кунад.

Гуфта мешавад Фарҳод Калонов солҳост бо фаъолиятҳои ҷаҳонгардӣ бо ҳадафи башардӯстона машғул аст.