Апрел 15, 2018 08:50 Asia/Dushanbe
  • Боздошти беш аз ҳазор мошин дар гумруки вилояти Суғд

1300 мошини дасти дувуми олмонӣ дар гумруки вилояти Суғд боздошт шудааст.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, наздик ба як моҳ аст, ки ба ин мошинҳо ба иллати умри болои 13 сол, муҷаввизи вуруд ва таҳияи асноди фурӯш дода намешавад.

Маъмулан мошинҳои дасти дувуми олмонӣ пас аз тармим дар кишварҳои соҳили Балтика, бо ҳамлу нақли роҳи оҳан ба Тоҷикистон ва Қирғизистон мунтақил мешаванд ва ба далели муносиб будани қимати ин васоили нақлия, аз сӯи мардуми ин ду кишвар харидорӣ мешаванд.

Аммо давлати Тоҷикистон бо тасвиби як қонуни ҷадид, вуруди мошинҳои хориҷии бо умри болои 13 сол ба хоки ин кишварро ба иллати олояндагии боло ва зарар ба муҳити зисти ин кишвар мамнуъ кардааст.

Мардуми Тоҷикистон мӯътақиданд, мошинҳои дасти дувуми олмонӣ ба далели масрафи ками сӯхт ва қимати поин барои истифода бисёр муносиб аст.

Дар айни ҳол тоҷирони тоҷики ин мошинҳо ҳам мегӯянд, ин мошинҳоро дар дохили Олмон ба қимати 1000 то 1200 евро харидорӣ мекунанд ва ҳазинаи таъмир ва интиқоли он ба Тоҷикистон байни 4000 то 4500 доллар мешавад.

Акнун воридкунандагони ин 1300 мошини дасти дувуми олмонӣ, ки дар гумруки вилояти Суғд тавқиф шудааст, бояд барои ҳар як рӯзи нигаҳдории ин васоил низ ҷаримаи молӣ пардохт кунанд.