Апрел 26, 2018 13:21 Asia/Dushanbe
  • Дархости Тоҷикистон аз Бонки сармоягузории Аврупо барои сохти Роғун

Тоҷикистон ба Бонки сармоягузории Аврупо пешниҳод кард, то сохтмони нерӯгоҳи Роғунро маблағгузорӣ намояд.

Ба иттилои Авесто, Тоҷикистон ба Бонки сармоягузории Аврупо пешниҳод кард, то дар маблағгузории сохтмони Роғун саҳм гирад.

Ин масъала дар вохӯрии вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо муовини раиси Бонки сармоягузории Аврупо Вазил Ҳудак баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ва татбиқи як қатор лоиҳаҳои энергетикӣ, ки  аҳамияти минтақавӣ доранд, баррасӣ гардид. Масъалаи сохтмони Роғун низ ба таври муфассал баррасӣ гардид.

Ёдрас мешавем, Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба сохтусози нерӯгоҳи Роғун мехоҳад евробондҳояшро низ ба фурӯш гузорад.   

Пештар ҳайъатҳои намояндагони бонки амрикоӣ Merrill Lynch, бунёдҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske аз нерӯгоҳи  Роғун дидан кардаанд. Онҳо бо рафти сохтмони иншоот аз наздик шинос шуданд.

Ҳамчунин сармоягузорони амрикоӣ дар Душанбе бо намояндагони Вазорати молияи Тоҷикистон ва кормандони намояндагии Бонки ҷаҳонӣ, Бунёди байналмилалии асъор ва сафорати ИМА дар Душанбе мулоқот карданд.