Содироти васоили ҳамлу нақли Қазоқистон ба Тоҷикистон
Бар асоси созишномаи имзошуда миёни мақомоти Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҳукумати Остона мутааҳҳид шудааст, содироти васоили нақлияи сохти ин кишварро ба Тоҷикистон афзоиш диҳад.
Ба гузориши Спутник, ин созишнома дар пайи сафари Аскар Момин муовини аввали нахуствазири Қазоқистон ба Тоҷикистон ва дидор ва гуфтугӯи вай бо мақомоти ин кишвар, имзо шуд.
Дар ин созишнома, содироти 500 вагон, 300 автобус, чаҳор локомотив ва панҷ ҳазору 400 тон рейлси роҳи оҳани сохти Қазоқистон ба Тоҷикистон мавриди тавофуқ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, маблағи содироти танҳо 300 автобуси сохти корхонаи мошинсозии шаҳри Алмаато Қазоқистон ба Тоҷикистон 19 миллион доллар эълом шудааст.
Дар соли 2017 низ Тоҷикистон аз Қазоқистон барои ворид кардани ҳазор мошини Jac S3 сохти ин кишвар ба маблағи даҳуним миллион доллар созишнома имзо карда буд.
Аз вижагиҳои худрави Jac S3 ҳаракати осон дар манотиқи кӯҳистонӣ ва доштани шассеҳои баланд аст, ки барои шароити сахтгузари Тоҷикистон муносиб аст.
Мақомоти вазорати ҳамлу нақл Тоҷикистон гуфтаанд, Қазоқистон бо пардохти марҳала ба марҳалаи ҳазинаи хариди васоили ҳамлу нақли сохти ин кишвар ба Тоҷикистон мувофиқат кардааст.