Пулиси Ленинград дар ҷустуҷӯи қотили боғбони тоҷик
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i33392-Пулиси_Ленинград_дар_ҷустуҷӯи_қотили_боғбони_тоҷик
Пулиси вилояти Ленингради Русия таҳқиқ дар бораи қатли муҳоҷири тоҷикро оғоз кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 29, 2018 09:20 Asia/Dushanbe
  • Пулиси Ленинград дар ҷустуҷӯи қотили боғбони тоҷик

Пулиси вилояти Ленингради Русия таҳқиқ дар бораи қатли муҳоҷири тоҷикро оғоз кардааст.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, ин муҳоҷири 50-сола ба номи Раҳим, ки дар рустои Нижняя Шалдиха дар наздики шаҳри Санкт-Петербург ба кори боғбонӣ машғул буд, субҳи 27 апрел ба зарби гулӯла кушта шуд.

Соҳибкори ин боғбон, ки як зани 73-сола аст, ҷасади оғушта ба хуни вайро субҳи рӯзи ҳодиса дар ҳавлии хонааш пайдо кард.

Ин зан гуфтааст, охирин бор боғбони тоҷикашро як рӯз қабл аз ба қатл расиданаш дидааст.

Дурбинҳои мадорбаста нишон медиҳанд, соати панҷи субҳ марде бо дасткашҳои сафед ва либоси сиёҳ Раҳимро парронда ва пас аз 15 дақиқа манзилро тарк кардааст.

Полиси вилояти Ленинград гуфтааст, то ин лаҳза дар дохили ҳавлии хона ҳеҷ нишонае аз даргирӣ байни қотил ва кушташуда пайдо накардааст.

Раҳим барои кор аз Тоҷикистон ба вилояти Ленинград омада буд ва боғбонии хонаи як зани 73-солаи сокини рустои Нижняя Шалдиха дар шаҳри Санкт-Петербургро бар уҳда дошт.

Дар иртибот бо ин қатл парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад.