Май 06, 2018 11:24 Asia/Dushanbe
  • Як мақоми сурияӣ: Тоҷикҳо дар Сурия ҳузур надоранд

Сафири Сурия дар Русия гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон дар хоки кишвараш ҳузур надоранд.

Ба гузориши Азия-Плюс, Риёз Ҳаддод, ки барои ширкат дар Конфронси байналмилалии муқобила бо терроризм ва ифротигарӣ дар Душанбе ба Тоҷикистон омада буд, ин хабарро эълом кардааст.

Вай таъкид кардааст, дар манотиқи таҳти назорати давлати Сурия ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон мушоҳида намешавад.

Ба гуфтаи вай неруҳои интизомии Сурия дар манотиқи озодшуда аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт накардаанд ва тоҷикҳо дар зиндонҳои ин кишвар низ нестанд.

Ӯ идома додааст, пас аз шикасти гурӯҳи такфирии ДИИШ 30 ҳазор нафар аз аъзои он аз Сурия хориҷ шуда ва ба манотиқи дигар рафтаанд.

Аммо давлати Димишқ дар бораи эҳтимоли ҳузури ҷангҷуёни тоҷики узви гурӯҳи террористии ДИИШ ба ҳамроҳи хонаводаҳояшон дар манотиқи таҳти контроли Амрико ва муттаҳидонаш дар Сурия, иттилое надорад.

Ҷумъахон Ғиёсов муовини Маркази зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шангхай ҳам дар ин конфронс гуфтааст, 90 дарсад аз ҷангҷуёни боқимонда аз ДИИШ дар Сурия, ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Афғонистон ва Югославияи собиқ мунтақил шудаанд.

Вай теъдоди аъзои ин гурӯҳи террористиро дар шимоли Афғонистон ва наздикии марзҳои Тоҷикистон, беш аз 4500 нафар эълом кард.