Донишҷӯи тоҷик, муттаҳам ба қатли профессори амрикоӣ
Як донишҷуи коршиносии аршади тоҷик дар Амрико дар қатли бераҳмонаи профессори амрикоӣ муттаҳам шинохта шудааст.
Ба гузориши нашрияи амрикоии “Ню-Йорк Таймс”, Мирзо Отаҷонов, ки машғул ба таҳсил дар яке аз донишгоҳҳои Амрико буда, ба иттиҳоми даст доштан дар қатли Ҷереми Сафран устоди риштаи равоншиносӣ боздошт шудааст.
Қатли ин профессори амрикоӣ шаби 8 май дар манзилаш дар шаҳри Бруклин рух дода ва гуфта мешавад, Отаҷонов дар онҷо, гирифтори маъмурони полис шудааст.
Шабакаи телевизионии CBS-и Амрико муддаӣ аст, Мирзо Отаҷонов бо зарба ба сари ин устоди донишгоҳ, вайро ба қатл расондааст.
Боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоле расонаӣ шуда, ки ҷанбаҳои торики фаровоне дар ин парванда вуҷуд дорад. Аз ҷумла инки ин ду нафар кай, куҷо ва чӣ гуна бо ҳам ошно шудаанд.
Дар ҳамин ҳол модари ин ҷавони тоҷик ва яке аз намояндагони ҷомеаи тоҷикони муқими Амрико зимни радди иддаои қотил будани вай, гуфтаанд, Отаҷонов фарди меҳрубон ва ором аст ва ҳеҷ шабоҳате ба як фарди ҷинояткор надорад.