Дархости ФАО барои решакан кардани гуруснагӣ дар Осиёи Марказӣ
(last modified Sat, 12 May 2018 04:26:40 GMT )
Май 12, 2018 09:26 Asia/Dushanbe
  • Дархости ФАО барои решакан кардани гуруснагӣ дар Осиёи Марказӣ

Раиси созмони хорубор ва кишоварзии милали муттаҳид (ФАО) аз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дархост кардааст, то соли 2030 гуруснагиро решакан кунанд.

Ба нақл аз Ка-Ниюз, Жазу Гритсиянуди Силвоа бо интишори мақолае гуфтааст, бар асоси барномаи роҳбурдии рушди ин кишварҳо, масъулон мутааҳҳид шаванд, то соли 2030 гуруснагиро ба таври комил решакан кунанд.  

Вай таъкид кардааст, 14 миллиону 300 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд.  

Қаблан ин созмон муддаӣ шуда буд, дар Тоҷикистон аз ҳар се нафар яке дучори гуруснагӣ аст, ки болотарин нарх дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аврупоӣ аст.

Дар ин гузориш ба омори солҳои 2014 то 2016 ишора шудааст, ки бар асоси он, беш аз 30 дарсад ё ду миллиону 600 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз гуруснагӣ ранҷ мебурданд.