Абдулқодирзода намози ҷанозаи Бозор Собирро хонд (тасовир)
Намози ҷанозаи Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик дар ҳузури мақомҳои давлатӣ, ҷамъе аз адибон ва шаҳрвандон дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе, хонда шуд.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, ҷасади Бозор Собир субҳи имрӯз (душанбе 14 май) аз Иёлати Муттаҳидаи Амрико аз тариқи Истамбул ба Душанбе оварда шуд.
Барои қабули ҷасади шоир намояндагони баландпояи ҳукуматӣ, аз ҷумла ёварони президенти Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Асадуллоҳ Раҳмон, муовини аввали вазири фарҳанг Ибодуллоҳ Машрабов, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода, овозхон Саидқул Билолов ва афроди дигар, ба фурудгоҳ омада буданд.
Ҷасади Бозор Собирро ҳамсараш Гулчеҳра, духтараш Шогуна ва ду писараш ҳамроҳӣ мекарданд ва тобути ин шоири барҷастаро мусқиман аз фурудгоҳ ба хонааш оварданд.
Аз авоили субҳ наздикон ва тарафдорони Бозор Собир барои видоъ бо ӯ ба манзилаш омаданд.
Намози ҷанозаи марҳум Бозор Собир дар масҷиди марказии шаҳри душанбе соати 11 бо имоматии Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон баргузор шуд ва ҳамагӣ се дақиқа тӯл кашид.
Аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз ҷумла Асадуллоҳ Раҳмон, ёвари президенти Тоҷикистон, муовини аввали вазири фарҳанг Ибодуллоҳ Машрабов, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг, Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон ва низ гурӯҳе аз адибон ва ҳунармандони саршиноси тоҷик дар маросими видоъи ин шоири фақид, дар масҷиди марказӣ ҳузур доштанд.
Ҷасад Бозор Собирро баъди намози ҷаноза барои дафн ба оромгоҳи Лучоб бурданд.