Май 19, 2018 08:56 Asia/Dushanbe
  • Эъломи иттиҳоми раиси собиқи “Тоҷпромбонк” -и Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон иттиҳоми раиси собиқи бонки варшикастшудаи “Тоҷпромбонк”-и ин кишварро, ки як сол қабл иҷозатномаи фаъолияташ бекор ва рӯзи 24-уми апрели соли ҷорӣ боздошт шуда буд, эълом кард.

Ба гузориши сайти Додситонии кулли Тоҷикистон, акнун алайҳи Ҷамшед Зиёев ба иттиҳоми истифодаи ғайримақсадноки маблағ ва қаллобӣ парванда ташкил ва ӯ ба боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар мунтақил шудааст.

 Бар асоси ин гузориш, раиси собиқи “Тоҷпромбонк”-и Тоҷикистон бо гирифтани қарзҳои калони бонкӣ ба номи бастагонаш ва таъсиси ширкатҳои қалбакӣ ба дунболи рушди тиҷорати шахсӣ буда, ки дар ниҳоят боиси  варшикастагӣ ва бекор кардани муҷаввизи фаъолияти ин ниҳоди молӣ аз сӯйи Бонки Миллии Тоҷикистон шудааст.

Давлати Тоҷикистон дар соли 2016 барои наҷоти “Тоҷпромбонк” аз буҳрони камбуди манобеи молӣ 56 миллион доллар ихтисос дод, ки ин кумак низ натавонист вазъи ин ниҳоди молиро беҳбуд бахшад.

Коршиносон арзиши 117 марказ ва амволи “Тоҷпромбонк”-и Тоҷикистонро, ки барои бозпардохти қарзҳои он ба фурӯш гузошта шудааст, 450 миллион сомонӣ (муодили 51 миллион доллар) эълом мекунанд, ки 100 миллион сомонӣ камтар аз мизони қарзҳои ин ниҳоди молӣ аст.

Қаблан Солеҳҷон Ҷӯраев, яке аз ҳуқуқшиносони тоҷик бо ирсоли номае ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буд, ки Ҷамшед Зиёев манобеи молии “Тоҷпромбонк”-и ин кишварро барои сохти бархе аз марказҳои тавлидӣ, ки маҳсулоте тавлид намекунанд, сарф кардааст.

Ин дар ҳолест, ки наздик ба 2 сол аст, ки ашхоси ҳуқуқӣ ва ҳақиқӣ наметавонанд супурдаҳои худро аз “Тоҷпромбонк” дарёфт намоянд.