Интизорот ва воқеиёти қонуни ҷадиди афв дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i3445-Интизорот_ва_воқеиёти_қонуни_ҷадиди_афв_дар_Тоҷикистон
Бештари ҳуқуқшиносони Тоҷикистон муътақиданд, қонуни ҷадиди афв дар ин кишвар, ки заминаи афви 12 ҳазор нафар аз зиндониён ва афроди боздоштшударо фароҳам хоҳад кард, бо сӯиистифода ва фасоди молии кормандони ниҳодҳои зирабт ҳамроҳ хоҳад буд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 03, 2016 07:58 Asia/Dushanbe
  • Интизорот ва воқеиёти қонуни ҷадиди афв дар Тоҷикистон

Бештари ҳуқуқшиносони Тоҷикистон муътақиданд, қонуни ҷадиди афв дар ин кишвар, ки заминаи афви 12 ҳазор нафар аз зиндониён ва афроди боздоштшударо фароҳам хоҳад кард, бо сӯиистифода ва фасоди молии кормандони ниҳодҳои зирабт ҳамроҳ хоҳад буд.

Ба гузориши сайти "Азия плюс", хонум Ойниҳол Бобоназарова, мудофеи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон гуфт, ба далели набуди назорати созмонҳои иҷтимоӣ бар раванди иҷрои қонуни ҷадиди афви умумӣ дар ин кишвар, ҳангоми ироаи феҳристи зиндониёне, ки бояд озод шаванд, заминаи бурузи фасоди молӣ ва ришвахорӣ аз сӯйи кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва додгустарӣ вуҷуд дорад.

Аз дидгоҳи вай, бояд намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ шомили комиссияи афви зиндониён мешуданд то бар шаффофияти иҷрои ин қонун назорат дошта бошанд.

Абдуқайюм Юсуфов, вакили мудофеи тоҷик низ бар ин бовар аст, ки дар шароити феълӣ решакан сохтани фасод дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар баҳси иҷрои Қонуни афви умумӣ ғайримумкин аст, зеро зиндонҳо муҳитҳои бастае ҳастанд ва таҳқиқи амалкарди шаффофи онҳо дар иҷрои Қонуни афви умумӣ кори сахте аст.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик низ таъкид мекунад, набуди шаффофият дар фаъолияти ниҳодҳои масъул дар умури иҷрои қонуни ҷадиди афв дар ин кишвар, ба монеаи ҷадиде дар роҳи решакан сохтани фасод дар зиндонҳои Тоҷикистон бадал мешавад.

Ҳамчунин мушкили эҷоди ҷойи кор барои зиндониёни озодшуда дарТоҷикистон вуҷуд дорад, ки теъдоде аз ин афрод пас аз муддати кӯтоҳе, ба далели бекорӣ муртакиби ҷурму ҷинояти тозае мешаванд ва дубора ба зиндон бармегардан. Чунончӣ пас аз афви умумӣ дар соли 2014 беш аз ҳазору 62 нафар аз зиндониёни озодшуда ба ниҳодҳои зермаҷмуаи Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон барои пайдо кардани шуғл муроҷиа карданд, ки аз ин теъдод танҳо 56 нафар муваффақ ба дарёфти кор шудаанд.