Май 21, 2018 15:00 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди вожаҳое барои рутбаҳои низомӣ; “полковник” ва “лейтенант” мераванд?

Умеди Ҷайҳонӣ, хабарнигор ва забонпажӯҳи тоҷики муқими Маскав пешниҳод кардааст, ки дар Тоҷикистон барои рутбаҳои низомӣ вожаҳои форсӣ-тоҷикӣ ба кор баранд.

Ба гузориши манобеи хабарии тоҷик, дар матни мақолаи Умеди Ҷайҳонӣ дар робита бо дараҷаҳои пешниҳодӣ барои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон омадааст: “Метавон ба ҷойи генерали артиш - артишсолор, ба ҷойи генерал- полковник - сипаҳсолор, генерал-лейтенант - лашкарсолор, генерал- майёр - гундсолор, полковник - сарҳанг, подполковник - сарҳангёр, майёр - саргурд, капитан - сарвашт, лейтенанти калон - таҳмбон, лейтанант - таҳмдор ва лейтенанти хурд -таҳмоварро ба кор бурд”.

Умеди Ҷайҳонӣ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ба ҷойи курсант - размомӯз, прапоршики калон - размдор, прапоршик -размовар, старшина-саргурӯҳбон, сержанти калон - гурӯҳбон, сержант - гурӯҳдор, сержанти хурд-гурӯҳовар, ефрейтор-сарҷик ё радабон ва ба ҷойи қаторӣ аз сарбоз истифода шавад.

Ӯ дар тавзеҳи бархе вожаҳои пешниҳодии худ овардааст, вожаҳои гунд, вашт, таҳм, рада, гундсолор, таҳмовар аз истилоҳоти низомӣ аст, ки дар даврони Ашкониён ва Соcониён ба кор мерафта ва сипоҳ, лашкар, сарчик ва сипаҳсолор низ аз истилоҳоти низомии даврони Сомониён ҳастанд.

Умеди Ҷайҳонӣ мегӯяд, қонунҳои Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додаанд ва аз ин рӯ вожаҳо ва истилоҳоти корбурдии нерӯҳои мусаллаҳ низ бояд миллӣ бошанд.

Вай ҳамчунин муътақид аст, тоҷикҳо аз гузаштаҳои дур артишдорӣ карда ва вожаҳо ва истилоҳоте дар забони худ доранд, ки метавонанд ҷойгузини вомвожаҳои русӣ шаванд.

Баҳси ҷойгузинии вожаҳои низомии русӣ бо муодилҳои форсӣ-тоҷикӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзӯҳои доғи рӯзҳои ахир аст.