Тавсияҳои шоири тоҷик барои Трамп
Фирдавси Аъзам шоир ва рӯзноманигори тоҷик шеъреро дар ҳаҷви иқдомоти ахири Трамп-раиси ҷумҳури Амрико сурудааст.
Фирдавс фарзанди Аъзами Хуҷаста аз шоирони хушбаёни тоҷик мутаваллиди 1984 шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва донишомӯхтаи донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Хуҷанд бо тахассуси забони англисӣ аст.
Шеърҳои ин шоири ҷавон токунун дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо мунташир шудааст.
Фирдавси Аъзам шеър дар ҳаҷви иқдомоти раиси ҷумҳури Амрикоро дар саҳифаи Фейсбуки худ мунташир кардааст.
Ҳарфи манро гӯш кун оғо Тромп
Мешавӣ хомӯш рӯзе мисли ломп
Гарчи сархатти хабарҳо гаштаӣ
Сӯжаи соҳибназарҳо гаштаӣ
Фикр кардӣ, метавонӣ ҳар ғалат
Ки дилат хоҳад кунӣ бо мамлакат
Мамлакат гуфтам, муродам олам аст
Сарнавишту рӯзгори одам аст
Даст аз рӯи Фаластин дур кун
Рав сафоратро бигиру гур кун
Ин ки аз рӯи адолат нест ки
Корат аз рӯи шарофат нест ки
Даст бо душман яке кардӣ, ки чи
Сад ҷаҳаннам Ғазза овардӣ ки чӣ
Заррае инсоф дорӣ, эй Раис?
Ки намебинӣ дили хун, чашми хис?
Бехаёлӣ, дохили Кохи сафед
Кардаӣ милён нафарро ноумед
Душмани Ислому шайтонзодаӣ
Даст бар дасти шаётин додаӣ
Ин тавонмандӣ ки дар озор нест
Қаҳрамонӣ ҳосилаш куштор нест
Ин сиёсат ки ту дорӣ, ҷур нест
Ҳар касе чун ту Раисҷумҳур нест
Эътибори хешро гум кардаӣ
Хок бар чашмони мардум кардаӣ
Аз демукросӣ нагӯ ки мурда аст
Бод ӯро пештарҳо бурда аст
Пас шукӯҳи адлу озодӣ чӣ шуд?
Он қасамҳое ки худ додӣ чи шуд?
Хоҷа Убомо шабеҳи ту набуд
Ӯ ба дунё эҳтироме менамуд
Ту вале аз навъи худ як донаӣ
Дар ҷаҳолат беҳтарин фарзонаӣ
Лутфан аз аспи худат пойин биё
То нагардад маҳв рӯзе Амрико
Мекунам такрор оғои Тромп
Мешавӣ хомӯш рӯзе мисли ломп
#Бадоҳа
#Ҳамин_ҳоло