Май 22, 2018 14:58 Asia/Dushanbe
  • Форсисозии дараҷаҳои низомӣ дар Тоҷикистон

Вазорати дифои Тоҷикистон хостори форсисозии дараҷаи нерӯҳои низомии ин кишвар ба ҷойи исмҳои русӣ шуд.

Дар пайи дархости Вазорати дифои Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти ин кишвар барои таъйини муодили форсӣ (тоҷикӣ) барои дараҷаҳои низомии русӣ иқдом кардааст.

Дар сурати пазириш ва таъйиди истилоҳҳои забони форсӣ (тоҷикӣ) дараҷаҳои русие назири «генерал- полковник» (сарҳанги тамом "сипаҳсолор"), ки мероси замони Шӯравӣ ва иқтибос аз забони русӣ аст, барчида ва муодили форсӣ ҷойгузини онҳо хоҳад шуд.

Истифода аз вожаҳо ва истилоҳоти забони русӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле идома дорад, ки дар ин кишвари форсизабони Осиёи Марказӣ вожаҳое назири артиш, сипоҳ, лашкар, гунд, ҳанг, гурдон, вашт, таҳм, гурӯҳ ва рада вуҷуд дорад, ки ба осонӣ метавонанд ҷойгузини вожаи низомии русӣ шаванд.

Бо вуҷуди тамоюли давлат ва мардуми Тоҷикистон барои форсисозии забон ва адабиёти русӣ, тайи чанд соли гузашта дар амал исмҳои бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз русӣ ба форсӣ бозгардонда шуд.

Дар ҳақиқат бояд гуфт, ҷанги тағйири исмҳо ва номҳои хонаводагии шаҳрвандони Тоҷикистон аз русӣ ба форсӣ (тоҷикӣ) аз соли 2007-и мелодӣ оғоз шудааст.

Дар он замон раисҷумҳурии Тоҷикистон ному насаби худро аз «Раҳмонов» ба «Раҳмон» тағйир дод.

Дар пайи ин иқдом, бисёре аз аъзои давлат низ ному насаби худро тағйир доданд. Баъзе аз шаҳрвандони тоҷикистонӣ низ аз ин гароиши ҷадид пайравӣ карданд.

Лола Раҳимова, коршиноси умури фарҳангӣ ва таҳлилгари мустақили тоҷик дар ин замина мегӯяд: «Тоҷикистон муддатҳост, ки аз роҳкори эҳёи ҳувияти миллӣ пайравӣ мекунад. Ин амр ибтидо дар тарҷумаи аснод ба забони форсӣ (тоҷикӣ) ва бозгардондани исмҳои тоҷикӣ ба шаҳрҳо ва хиёбонҳо ошкор шудааст».

Ба ҳар ҳол, дар пайи истиқлоли Тоҷикистон ин интизор ба вуҷуд омад, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон ба асолати воқеии худ бозгарданд. Ба вижа, ки аҳамияти истиқлоли фарҳангӣ камтар аз истиқлоли сиёсӣ нест.

Ба ҳамин далел аст, ки сӯҳбат кардан ва навиштан ба забони асили форсӣ (тоҷикӣ) монанди истиқлоли сиёсии Тоҷикистон, ба навъе истиқлоли фарҳангии ин кишвар маҳсуб мешавад, ки аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Дар айни ҳол, тағйири хат ва алифбо аз криллӣ ба форсӣ, имкони дастрасии мардуми Тоҷикистон ба имконоти густурдаи забон ва адабиёти форсиро дар Эрон ва минтақа фароҳам мекунад.

Муҳаммадҳасани Санъатӣ, коршиноси барҷастаи умури фарҳангӣ ва фаъоли расонаии Тоҷикистон дар ин иртибот гуфтааст: «Чун забони тоҷикӣ ҳамон забони форсӣ аст, тасаввур бар ин аст, ки тоҷикистониҳо бо омӯхтани алифбои форсӣ ба чандин миллион веб-блоги форсизабон дар дохили кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар хориҷ аз кишвар иртибот пайдо мекунанд ва аз матолиби онҳо, ки дорои арзиши илмӣ, фикрӣ, фарҳангӣ ва омӯзишӣ ҳастанд, ба таври мустақим бархурдор мешаванд.

Дар ин шароит шакке нест, ки тағйири вожаҳо ва истилоҳоти русӣ ба форсӣ ҳатто дар умури низомӣ, аз ҷумлаи авлавиятҳои сиёсатмадорони ҳоким бар Тоҷикистон ва мардуми ин кишвари Осиёи Марказӣ барои касби истиқлоли воқеӣ аз Шӯравӣ қаламдод мешавад. Табиист, ки касби истиқлоли сиёсӣ ва фарҳангӣ муқаддимаи истиқлоли воқеии мардуми Тоҷикистон аз Русия аст.